ДУШАНБЕРО БА «ШАҲРИ САБЗ» ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Кормандони милисаи пойтахт ин иқдомро ҷонибдорӣ намуда, 985 бех дарахт, 21 бех буттаҳои мавсимӣ ва 1600 дона гул шинониданд
ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ ҳамовозӣ пайдо намуд. Аз ҷониби онҳо дар ҳудуди пойтахт 985 бех дарахт, аз ҷумла 723 бех ниҳолҳои ороишӣ, 127 бех мевадиҳанда, 21 бех буттаҳои мавсимӣ ва 1600 дона гулҳои гуногун шинонида шуданд. Барои нигоҳубин ва парвариш ёфтани ҳар ниҳоли шинонидашуда худи кормандони милитсия вазифадор гардиданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар доираи ин иқдом бо ташкили маъракаи ниҳолшинонии дастаҷамъӣ аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, муассисаҳои таълимӣ ва назди биноҳои истиқоматии кормандони милитсия шинонида шуданд.
Аз ҷумла, аз ҷониби ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти милитсияи пойтахт дар назди биноҳои истиқоматӣ, минтақаҳои маъмурии хизматӣ, нуқтаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуда, ҳамзамон атрофи биноҳои мазкур тозаву озода ва бехи дарахтон нарм гардонида шуд.
Шинонидани дарахт ва сабзу хуррам гардонидани атроф аз суннатҳои миллии ниёгони миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, амали басо хайру савоб ба шумор меравад. Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар назди биноҳои исиқоматӣ ва муассисаҳои таълимии пойтахт навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабз ва ороишиву мевадиҳанда шинонида шуданд.
Аз ҷумла, дар назди бинои истиқоматии маҳаллаи 63-юми ноҳияи Фирдавсӣ зиёда аз 30 бех дарахтони арчаю мевадиҳанда шинонида шуданд. Ба ин монанд кормандони бахшҳои тафтишотию фаврӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятию криминалистика, бозрасию баталйони пайраҳадории милитсия ва дигар хадамоти мақомоти милитсияи пойтахт ҳар кадоме дар алоҳидагӣ минтақаҳои гуногуни пойтахти мамлакатро бо шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ сабзу хуррам гардониданд. Ҳамзамон аз ҷониби тамоми шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар алоҳидагӣ маъракаи ниҳолшинонӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрдориву шаҳрнишинӣ роҳандозӣ карда шуд.
Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони Шуъбаи 1-и ВКД дар нохияи Фирдавсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи мазкур бо ташкили маъракаи дастаҷамъии ниҳолшинонӣ зиёда аз 150 бех дарахтони арча шинонида, ҳамзамон бо ташкили шанбегии дастаҷамъӣ корҳои созандагиву ободкорӣ вусъат дода шуд.
Кормандони Шуъбаи 2-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ низ ба таври дастаҷамъӣ зиёда аз 85 бех дарахтони ҳамешасабзи арчаро дар назди бинои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75 шинониданд, ки ба зебоии муассаи таълимӣ таровати тоза зам намуд.
Чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ гузаронида шуда, кормандони милитсия дар кӯчаи Аҳрор Мухтори ноҳияи мазкур бо шинонидани 100 бех арчаҳои ҳамешасабз як гӯшаи шаҳри Душанберо ободу зебо гардониданд.
Файзалӣ НИЁЗ,
АМИТ «Ховар»








ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд






