ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ҷамъомади дуюми омӯзишиву машқӣ оғоз намуд

Декабрь 7, 2020 16:13

ДУШАНБЕ, 07.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри  Душанбе ба ҷамъомади дуюми дуҳафтаинаи омӯзишиву машқӣ оғоз намуд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Барои иштирок дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев 26 бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 6 ҳамлагар даъват кардааст. Мувофиқи нақшаи ситоди мураббиён, дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ даста рӯзе ду маротиба тамрин мекунад. Баргузории бозиҳои санҷишиву дӯстонаи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишиву машқии сеюми даста ба нақша гирифта шудааст. Чорабинии мазкур нимаи дуюми моҳи декабр баргузор хоҳад гашт.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё барои дастаҳои мунтахаби то 16-сола ба соли дигар гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа дастаи наврасони  Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони  дастаи наврасони  Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва АМА мебошанд.

Чор дастаи беҳтарини марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2021 соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон байни наврасони то  17-сола   мешаванд. Чемпионати ҷаҳон байни наврасони  то   17-сола дар давлати Перу баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16) барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сӯҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Муҳофизон: Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, ҚурбоналӣМуродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ниммуҳофизон: Алиҷони Айнӣ, Аббос Андалибов, Муҷовид Шовайсудинов, Бежан Нишонбойзода, Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академия футболи ФФТ), Азибек Далиев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Муҳаммадворис Саидалиев (ММВЗО), Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Абдулло Шарипов (МҶМОВ).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Декабрь 7, 2020 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид