ФУТБОЛ. Имрӯз дар Душанбе дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон бо ҳам рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 14:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии аввали дӯстона байни дастаҳои футболи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба ин муносибат ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ҳайати бозингаронро барои бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон эълон кард. Барои бозиҳои дарпешистода сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев 24 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-19) дар бозии дӯстона бар зидди дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);
Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Раҳим Қурбонов («Олимп-Химки», Россия);
Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Ӯзбекистан), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Салам Ашурмамадов («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама – «Локомотив-Помир»), Ҳикматилло Исмоилов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Бозиҳои дӯстона
24 декабр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
Тоҷикистон(U-19) – Эрон (U-19)
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
27 декабр (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе








Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






