ГӮШТ ЗИЁД ШУД. Дар Тоҷикистон саршумори ҳайвоноти калони шохдор ва истеҳсоли гӯшт зиёд шуд

Декабрь 16, 2020 15:26

ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва ҳайвоноти майда 5,5% афзоиш ёфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шумораи умумии маҳсулоти гӯштӣ аз 170,8 ҳазор тонна зиёд шудааст.

Истеҳсоли гӯшт чунин афзоишро дар 10 моҳи аввал нисбат ба соли гузашта нишон дод.

Тибқи маълумоти Агентии омор, саршумори чорвои калони шохдор дар ҳама категорияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёда аз 2,3 миллион сарро ташкил медиҳад, ки  нисбат ба як соли пеш 20,4 ҳазор сар ё 0,9% зиёд аст.

Ғайр аз ин, истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҷумҳурӣ аз аввали соли равон беш аз 1,9 маротиба афзудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-октябри соли равон дар мамлакат беш аз 22,8 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 маротиба зиёд аст.

АКС: аз Sputnik

Декабрь 16, 2020 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон