Гурӯҳи кории Кумитаи занон ва оила аз корхонаи дӯзандагии «Гулдаста»-и ноҳияи Роштқалъа дидан намуд

Декабрь 5, 2020 09:24

 ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар иттилоъ дода будем, гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Зарина Абдулмаинзода бо мақсади доир намудани суҳбату вохӯриҳои судманд ва баррасии фаъолияти соҳибкории занону бонувон бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад.

Дар идомаи суҳбату вохӯриҳои судманд ва баррасии фаъолияти соҳибкории занону бонувон гурӯҳи кории Кумитаи занон ва оила аз корхонаи дӯзандагии «Гулдаста»-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дидан намуд.

Корхонаи дӯзандагии «Гулдаста» бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ҷойи кор ба истифода дода шуда, айни замон дар он зиёда аз 40 нафар занону бонувони ноҳия фаъолият доранд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Роштқалъа бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳо аз ҷамоати Қурбоншо Гадоалиеви ноҳия бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон, омӯхтани илму дониш ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ мулоқоти судманд баргузор гардид.

Декабрь 5, 2020 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид