ХАБАРИ ХУШ! Дар Тоҷикистон коҳиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст

Декабрь 16, 2020 15:29

ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тайи як ҳафтаи охир дар вилояти Суғд ягон нафар бо бемории коронавирус ё пневмония бистарӣ нашудааст, хабар медиҳад «Sputnik» бо истинод ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақа.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд тақрибан 600 нафар барои ташхиси коронавирус санҷида шуданд.

Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода, ягон сокини ин минтақа бо бемории коронавирус ё пневмония бистарӣ нашудааст.

Ҳамзамон ӯ зикр кард, ки гуфтани шумораи дақиқи беморони гирифтори коронавирус дар Суғд ғайриимкон аст, зеро Вазорати тандурустии Тоҷикистон оморро дар саросари мамлакат пешниҳод мекунад.

«Мавҷудияти сироятро рад кардан ғайриимкон аст, аммо беморӣ хеле кам аст. Масалан, интиқолдиҳандаҳои беаломати коронавирус мавҷуданд, аммо шумораи онҳо хеле кам аст. Мо дар беморхонаҳои худ ду ё се нафар сироятёфта дорем. Вазъи онҳо ё миёна аст ё рӯ ба беҳбудист», — таъкид кард ӯ.

Абдуллозода афзуд, коҳиш ёфтани бемории коронавирус ба он вобаста аст, ки сокинон аз хона ба берун кам мебароянд.

«Агар одамон ба кӯчаҳо ва бозорҳо камтар раванд ва фосилаи иҷтимоиро бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ нигоҳ доранд, умедворем, ки натиҷаҳои беҳтар ба даст меорем»,- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки ба кори табибон дар вилояти Суғд аз ҷониби намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева баҳои баланд дода шуд. Ӯ чунин ибрози назарро моҳи ноябр дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Самараддин Ализода баён карда буд. Дар мулоқот масъалаи кори муассисаҳои тиббии Хуҷанд ва минтақа матраҳ шуда буд.

«Таҷриба ва фаъолияти кормандони тиббии вилояти Суғд дар пешгирии ин беморӣ барои дигар кишварҳо намунаи ибрат аст. Мубориза бо коронавирус тибқи стандартҳо ва тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сурат мегирад. Табибон ва масъулин барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд», — гуфт намояндаи СУТ..

Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти ҳаррӯзаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш ёфтани коронавирус дар саросари Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. «Аммо, ин набояд барои бепарвоӣ ё тасдиқи он ки таҳдиди сироятёбӣ кам шудааст, баҳона шавад»,-таъкид намуданд дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат ба АМИТ “Ховар”. Мо бояд ба динамикаи паҳншавӣ дар миқёси ҷаҳон назар андозем, ки он ҳанӯз ҳам тамоюли афзоянда дорад». Аз ин рӯ, ба гуфтаи мутахассисони вазорат, риояи эҳтиёт ва маҳдудияте, ки аз ҷониби ситоди ҷумҳуриявӣ барои пешгирии паҳншавии коронавирус ҷорӣ карда шудаанд, ҳатмист.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода фаъолият дорад, ба шаҳрвандон муроҷиат намуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул намуд, ки гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад. Сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаи бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд. Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр кардани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия барои пешгирӣ кардани сирояти нави коронавирус дар маҳалҳо тадбирҳои иловагӣ андешад. Инчунин  Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ боз ҳам қатъӣ назорат намоянд.

                                                    АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2020 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон