Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба COVID-19: танҳо иттиҳоди башарият пандемияро мағлуб карда метавонад

Декабрь 4, 2020 12:15

ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози пандемия Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ба далелҳои илмӣ такя намуда, пешниҳод мекард, ки  бо коронавирус якҷоя мубориза бурда шавад, аммо на ҳама ба ин тавсияҳо гӯш доданд. «Вақте ки кишварҳо роҳи худро интихоб мекунанд, ҳама роҳҳо барои вирус боз мемонанд«, — изҳор дошт Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дирӯз дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералӣ. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи созмони мазкур  хабар медиҳад.

Вай хотиррасон кард, ки ҳамкории глобалӣ имрӯз аз ҳарвақта дида бештар зарур аст — инсоният бо душмани умумӣ рӯ ба рӯ шудааст. «Ба туфайли заҳмати хастагинопазири олимон ва муҳаққиқон дар саросари ҷаҳон, ваксинаҳо метавонанд ҳафтаҳо ё моҳҳои наздик дастрас шаванд», — зикр кард раҳбари СММ. Вай аз ташаббусҳо ҷиҳати таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба ваксинаҳои зидди COVID-19, инчунин воситаҳои табобати ин беморӣ ёдовар шуд. Ҳамзамон Дабири кулли СММ аз камбуди маблағгузории ин иқдомҳои муҳим шикоят кард. «Айни замон камбуди 28 миллиард доллар, ба шумули  4,3 миллиард  доллар, ки фавран дар тӯли ду моҳи оянда заруранд, мушоҳида мешавад «,- таъкид намуд вай.

Антонио Гутерриш инчунин аз мушкилоти дигар, ки ба асари пандемия тезу тунд шудаанд ва пешниҳодҳои СММ ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо, аз ҷумла оташбаси умумиҷаҳонӣ, муҳофизати духтарон ва занон аз зӯроварӣ ва мубориза бо дурӯғпароканӣ ёдовар шуд. «Биёед худро фиреб надиҳем, — даъват кард раҳбари СММ. Танҳо бо як ваксина мо пайомадҳои пандемияро, ки солҳо ва шояд даҳсолаҳо эҳсос хоҳанд шуд, бартараф карда наметавонем».

Дар қатори ин мушкилот Котиби генералӣ аз афзоиши сатҳи камбизоатӣ ва бузургтарин таназзули иқтисодӣ дар ҳаштод соли охир ёдовар шуд. Сабаби ин рӯйдодҳо — танҳо пандемия нест, раҳбари СММ мӯътақид аст, ки нобаробарӣ ва беадолатӣ қаблан низ вуҷуд дошт, аммо буҳрон ин ва дигар камбудиҳоро намоён сохтанд. «Вақти бозсозӣ, бунёди иқтисоди қавӣ ва бо истифода аз буҳрон тағйир додани ҷаҳон фаро расидааст», — изҳор дошт Антонио Гутерриш.

Раиси Ассамблеяи Генералии СММ Волкан Бозкир низ бо ҳамин мазмун суханронӣ кард. Вай хотиррасон кард, ки паҳншавии COVID-19 ба таври номутаносиб ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа таъсир расонид ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон дод, ки СММ барои рафъи оқибатҳои пандемия саъй хоҳад кард.

«Пандемия, ки чанд моҳ боз идома дорад, метавонад боиси ноумед шудани  бисёриҳо гардад, аммо худро ба даст бояд гирифт — мо бекор нанишастаем, мо кор мекунем, ки ба гурезагон, одамони ба ҳолати вазнини зиндагӣ  гирифтор, кӯдакони интизори бозгашт ба мактабҳо, кормандони тиб, ки дар хатти пеш фидокорона заҳмат мекашанд, кумак расонем — СММ барои шумо кор мекунад, мо кӯшиш ва неруи худро муттаҳид сохтем, ки ин кумакро ба шумо бирасонем”, — хулоса кард баромади худро Бозкир.

Иҷлосияи махсуси дурӯза, ки имрӯз оғоз ёфт — 31-умин дар таърихи СММ аст. Чунин иҷлосияҳо бо дархости Шӯрои Амният ё бо ташаббуси аксари аъзои Созмон даъват карда мешаванд. Иҷлосияи кунунӣ бо ташаббуси Ҳаракати бетарафӣ доир ва ба мубориза бар зидди пандемия бахшида шудааст. Ёдовар мешавем, ки Ҳаракат 120 давлати ҷаҳонро аз рӯи принсипҳои иштирок накардан дар блокҳои низомӣ муттаҳид мекунад.

           ДАР АКС: Ассамблеяи Генералии СММ. Акси СММ ООН/Э. Дебебе

Декабрь 4, 2020 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид
Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид