Имконияти ноҳияи Данғара барои рушди намудҳои сайёҳии аграрӣ, шикор ва гастрономию экологӣ мувофиқ мебошад

Декабрь 16, 2020 12:40

ДУШАНБЕ, 16.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имконияти ноҳияи  Данғара барои рушди намудҳои сайёҳии аграрӣ, шикор ва гастрономию экологӣ хеле мувофиқ буда, аз рӯи таҳлилҳо сайёҳон асосан мавсими баҳору Наврӯз аз талу теппаҳои лолазор,   гиёҳҳои худрӯю шифобахши минтақа, маънунгоҳи “Хуталон”, Маҷмааи фарҳангии “Хуррамшаҳр”, “Қасри фарҳанг”, Маҷмааи ситорашиносии “Санглох” –и ноҳияи Данғара боздид намуда, бо  нақшу нигор, гаҷкорӣ ва ҳунари кандакории миллати сарбаланди тоҷик аз наздик шинос мешаванд.

Ин матлабро Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён  дар ҷараёни баргузории машварати омӯзишӣ оид ба малакаи идоракунии  сайёҳии кишоварзӣ, ки дар Донишгоҳи мазкур сурат гирифт, зикр намуд.

Тавре ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар  Донишгоҳи давлатии Данғара  ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ, аз қабили зебосозии шаҳр, дизайни экспазитсионӣ, сохтмони деҳот ва ободонии муҳит, бофандагии бадеӣ-моделисозии костюм, дизайн, саёҳат ва меҳмондорӣ амал менамоянд, ки ба омода намудани мухассисони рақобатпазир ва соҳавӣ равона гардидаанд. Бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳии аграрӣ дар ноҳия донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷалб гардида, ҳамкории донишгоҳ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд мегардад.

Зимни машварати омӯзишӣ зикр шуд, ки Тоҷикистон мамлакати  офтобӣ  ва дорои табиати зебову нотакрор, қуллаҳои баланду сарбафалаккашида ва ёдгориҳои таърихию бостонӣ буда, қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Ин аст, ки боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода иброз дошт, ки тӯли солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи соҳаи туризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», таҳияи Стратегияи рушди сайёӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018,  Барномаи давлатии рушди туризм ва дигар барномаҳои муҳими давлатӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешрафти соҳа шаҳодат медиҳанд.

Ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ба роҳандозии инфрасохтори сайёҳӣ, омода намудани мутахассисони  соҳаи гардишгарӣ, сохтмони меҳмонхонаву осоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои инкишофи туризми истироҳативу табобатӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз сайёҳони беш аз 81 кишвар метавонанд озодона дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раводиди Тоҷикистон гиранд.

Гурӯҳи кории кумита иборат аз мутахассисону коршиносон дар қаламрави мамлакат самтҳои афзалиятноки рушди соҳаро таҳлил карда, баҳри ба талаботи муосир мутобиқ намудани  мавзеъҳои сайёҳӣ талош доранд. Ба мавзеи туристӣ табдил додани ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва дороиҳои табиии Тоҷикистон барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардондани буҷети мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки дар машварати мазкур мудирони шуъба (бахшҳо), сармутахассисон, роҳбарони марказҳои ҳунармандии Донишгоҳи давлатии Данғара, мутахассисони ошхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва намояндагони зиёда аз 40 хоҷагии деҳқонии ноҳия ширкат варзиданд. Ба шунавандагони курси мазкур  аз ҷониби олимону коршиносон, мутахассисону омӯзгорони ботаҷриба доир ба мавзуъҳои принсипҳои идоракунии агротуризм, мафҳуми агротуризм — ҷалб намудани оила ва ҷомеа, банақшагирии тиҷорат ва идоракунии молиявӣ, асосҳои идоракунии хавфҳо, бехатарии сайёҳон, меҳмоннавозӣ ва таҷрибаи пешқадам машғулият гузаронида шуд.

Дар хатми машғулият иштирокчиёнро Раиси кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён  бо сертификат қадрдонӣ намуданд.

Дар идомаи сафи корӣ ба Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён бо донишҷӯёни бахши сайёҳӣ суҳбату вохӯрии озод  доир гардид.

Дар ин замина байни Донишгоҳи давлатии  Данғара ва ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи Шӯрои рушди туризм”, ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои Зарафшон оид ба туризм” Меморандум оид ба ҳамкории судманд дар раванди татбиқи дастовардҳои илмӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба имзо расид.

Хотиррасон мешавем, ки машварати омӯзишӣ оид ба малакаи идоракунии  сайёҳии кишоварзӣ,  ки аз 12 то 15 декабр дар Донишгоҳи давлатии Данғара  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи Шӯрои рушди туризм” ва ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи Шӯрои туризми Зарафшон” бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  сурат гирифт, тавонист доираи васеи матахассисони соҳаро ба ҳам  ва дар самти табодули таҷриба заминаи мусоид фароҳам оварад.

Декабрь 16, 2020 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокчиёни Конфронси 4-уми байналмилалӣ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо мекунанд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид