Имрӯз Россия дар СММ ваксинаи «Спутник V»-ро муаррифӣ мекунад

Декабрь 2, 2020 12:13

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко 2 декабр дар СММ ваксинаи «Спутник V»-ро  муаррифӣ  мекунад. Фёдор Стржижовский, котиби матбуоти намояндагии доимии Россия дар СММ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки чорабинӣ дар шакли виртуалӣ сурат мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

 «Чоршанбе, 2 декабр соати 09:30 (тақрибан 19:30 ба вақти Душанбе – эзоҳи АМИТ «Ховар») дар ҳошияи 31-умин иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ   «Спутник V: ваксинаи зидди COVID-19» бо иштироки вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко, ФРСМ ва МИТЭМ ба номи Н. Ф. Гамалей чорабинӣ баргузор мешавад»,  — иброз намуд ӯ.

Дар моҳи сентябр президенти Россия Владимир Путин ҳангоми суханрониаш дар Ассамблеяи Генералӣ ваксинаи Россияро барои эмгузаронии ихтиёрии кормандони СММ пешниҳод карда буд.

Дар Россия ду ваксинаи зидди коронавирус ба қайд гирифта шудаанд: яктоашро Маркази миллии эпидемиология ва микробиология (МИТЭМ) ба номи Н.Ф. Гамалей ва дигарашро Маркази илмӣ — таҳқиқотии давлатии  вирусшиносӣ ва биотехнологии “Вектор”-и ба номи М.П.Чумакови Академияи илмҳои Россия коркард кардаанд.

АКС: © Наталия Федосенко/ТАСС

Декабрь 2, 2020 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид