Имсол дар ноҳияи Ҳамадонӣ 20 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда мешинонанд
ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва истифода аз обу ҳавои мусоид маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ аз даромадгоҳи ноҳия бо шинонидани ниҳолҳо дар ду паҳлӯи шоҳроҳ оғоз гардид. Зимни ҳашар дар ду паҳлӯи шоҳроҳи мазкур беш аз 250 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд. Имсол мувофиқи дурнамо дар ноҳияи Ҳамадонӣ шинонидани бист ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, шоҳроҳи мазкур аз даромадгоҳ то маркази ноҳия аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ карда шудааст. Шинонидани ниҳолҳо дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод тариқи ҳашари ноҳиявӣ бо ҷалби кормандони ташкилоту корхонаҳо шурӯъ гардида, дар маркази ноҳия анҷом меёбад.
Иқлими ноҳияи Ҳамадонӣ гарм буда, сабзонидани ниҳолҳо хеле мушкил аст. Аз ин рӯ ҳар ниҳол бо тавсияи олимони соҳа ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида мешавад. Барои ҳар ниҳол дар паҳлӯи роҳ дар масофаи муайян бо истифода аз техника чуқурӣ канда, аз дигар мавзеъ хоку пору меоранд ва ба он нурии минералӣ ҳамроҳ намуда, сипас ниҳолро мешинонанд. Масъулин ба шинонидани ҳар ниҳол диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ҳатман атрофи ниҳолҳоро нарм карда, об мерезанд. Ҳар қадар, ки намӣ зиёд бошад, нурии минералӣ ҳал шуда, ба сабзиши ояндаи ниҳолҳо кумак мерасонад.
Ниҳолшинонӣ рӯзҳои баъдӣ низ идома ёфта, ба сарсабзию хуррамӣ ва тоза шудани муҳити зист мусоидат менамояд.








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






