Ҳиндустон ба татбиқи лоиҳаи инфрасохторӣ дар Душанбе шурӯъ намуд

Декабрь 2, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳиндустон ба татбиқи  як лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ дар бахши  коммуникатсия дар  Тоҷикистон — шоҳроҳи 8-қатораи Душанбе-Чортут, ки марҳилаи 1-уми роҳи пешниҳодшудаи Душанбе мебошад, шурӯъ намуд.   Ба ин муносибат  бо иштироки муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, Сафири  Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва роҳбари гурӯҳи BRO дар Душанбе Бхуми Пужан маросими гузоштани санги асос баргузор гардид.

Масъулини  Созмони роҳҳои наздисарҳадии Ҳиндустон (BRO), ки ба Душанбе ташриф овардаанд, вазифадор гардидаанд ин  лоиҳаро дар кӯтоҳтарин муддат ба анҷом расонанд.

Лоиҳа дар доираи гранти 20 миллиондолларии кумаки Ҳиндустон ба Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ҷаноби Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2018 эълон шуда буд,  амалӣ мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ба тақвияти муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон мусоидат менамояд.

Декабрь 2, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад