«Кишоварзони Навгилем» дар замини боғоти кӯҳнаву бесамар ниҳоли зардолую шафтолу мешинонанд

Декабрь 10, 2020 10:07

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ  «Ховар»/. 9 декабр  дар Кооперативи тиҷоратию истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид. Ниҳолшинонӣ дар масоҳати 6 гектар оғоз гардида, дар 2 қитъаи замини боғоти кӯҳнаву бесамари дастаҳои кории рақамҳои 7 ва 8-и хоҷагӣ корҳои барқароркунӣ шурӯъ шуданд.  Дар назар аст, ки дар қитъаҳои мазкур ниҳоли зардолуи навъи «хурмоӣ», «шишахурмоӣ», «тоҷибоӣ», «қандаки Хуҷанд» ва ҳамчунин  шафтолу шинонида шавад.

Тавре масъули сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар маъракаи  мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, масъулин ва мутахассисони бахши кишоварзӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои муовини раиси хоҷагӣ Абдумухтор Ахмедов, ҳоло дар ҳудуди боғоти «Кишоварзони Навгилем» зиёда аз 40 намуди зардолу парвариш карда мешавад. Хоҷагии мазкур тасмим гирифтааст, ки то баҳори соли 2021 дар масоҳати 30 гектар боғҳои кӯҳнаи бесамарро бо истифода аз навъи ниҳоли зардолуҳои ба иқлими Навгилем мувофиқу серҳосил аз нав барқарор намояд.  Хоҷагии «Кишоварзони Навгилем» дар самти сабзавоткорӣ низ фаъолияти назаррас дошта, дар замини байни қаторҳо асосан сабзавот кишт карда мешавад.

Айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар шаҳри Исфара зиёда аз 13 ҳазору 300 гектарро майдони боғот ташкил медиҳанд, ки аз ин 11 ҳазор гектараш зардолузор мебошад. Соли 2020 дар шаҳри Исфара ба ҷойи 30 гектари  пешбинишуда аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва талу теппаҳо дар майдони 52 гектар боғи нав бунёд гардида, дар масоҳати 130 гектар боғҳои кӯҳнаву беҳосил аз нав барқарор карда шуданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иқдоми хоҷагидоронро ҷиҳати азнавбарқароркунии боғҳо шоистаи дастгирӣ ва мувофиқи матлаб ҳисобида, дастур дод, то боғдорон бо истифода аз усулҳои муосир ва таҷрибаҳои пешқадами соҳавӣ барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мароқ зоҳир намоянд. Ҳамчунон ба роҳбарони хоҷагӣ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати шинонидани  дарахтони ороишӣ ва сафедор қад-қади шоҳроҳи «Гулистон-Исфара», ки аз ҳудуди хоҷагӣ мегузарад, мусоидат намоянд.

Мардуми шаҳри Исфара дар боғдориву зардолупарварӣ ва хушк кардани зардолу таҷрибаи бой дошта, соҳибкорон дар самти коркарду банду басти меваи хушк ва содироти он ба хориҷи мамлакат пешсафанд. Ҳоло беҳтарин ва серҳосилтарин боғҳои зардолу дар Исфара воқеъ буда, дар ҳудуди шаҳру деҳоти он қариб 70 навъи зардолу парвариш карда мешаванд.

Декабрь 10, 2020 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд