СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд

Апрель 4, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин Агентӣ хабар доданд.

Дар натиҷаи ҳамкории муштарак бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар ҳудуди ёдгориҳои бостонӣ 2970 бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан, инчунин 4600 адад гулу буттаҳои оришӣ шинонида шуда, ин амал мунтазам идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар раванди ободонии ҷумҳурӣ, хусусан тозагии ҳудудҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат ба таври доимӣ дар ободонии биноҳои маъмурӣ ва атрофи онҳо тавассути баргузории шанбегиҳо саҳм мегузорад.

Аз ҷониби Агентӣ эълон гардидани семоҳаи ободонӣ ва сабзазоркунӣ қадами муҳим дар самти ба мамлакати сабз табдил додани Тоҷикистон буда, дар таҳкими сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва наврасон мавқеи муҳим дорад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Давоми панҷ соли охир аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд».

-То рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳали зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакатро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад, — иброз доштанд Президенти мамлакат.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд