Консули генералии Тоҷикистон ҳамкории байниминтақавиро бо роҳбарони вилояти Челябинск муҳокима намуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода 15 декабр дар чорабинии онлайнӣ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2021 бо иштироки Губернатори вилояти Челябинск Алексей Текслер, муовини ӯ Егор Ковалчук, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар минтақаи Уралу сарзамини Перм Александр Харлов ва намояндагони корпуси маҳаллии дипломатӣ ширкат намуд.
Тибқи иттилои Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, иштирокдорони ин чорабинӣ ҳамдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, оид ба ҷамъбасти соли равони сипаришаванда ва нақшаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соли ҷадид суҳбат оростанд.
Дар чаҳорчубаи чорабинии онлайнӣ дипломати тоҷик бо муовини Губернатори вилояти Челябинск Егор Ковалчук роҷеъ ба кори муштарак оид ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба дар асоси дуҷонибаи байниминтақавӣ ва дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор намуд. Зафар Сайидзода ба роҳбарияти вилояти Челябинск пешниҳод кард, ки масъалаи марбут ба роҳандозӣ ва густариши ҳамкории байниминтақавиро бо Тоҷикистон – дар давраи пас аз анҷоми пандемияи коронавирус – дар заминаи татбиқи амалии Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар мутобиқ ба талаботи сатҳи муосири технологӣ мавриди баррасиву омӯзиш қарор бидиҳад. Ин пешниҳод бо хушӣ истиқбол гирифта шуд.








Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид






