Кормандони милитсия баҳри риояи қонунҳои амалкунанда бо сокинони Ванҷ мулоқот доир намуданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо роҳбарии бевоситаи намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, полковники милитсия Мансур Бухоризода бо сокинони ҷамоати мазкур сӯҳбату вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Зимни вохӯрӣ иштирокдорон доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба нашъамандӣ, шомил шудани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷи мамлакат, хушунату зӯроварӣ дар оила ва риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки танҳо бо риояи қонунҳои мазкур ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ метавонем насли ояндаи миллатамонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ тарбия намоем.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






