Маҳмадҷон Абдулқодирзода: «Ҳар кадоми мо бояд дар хона ва коргоҳ қувваи барқро сарфакорона истифода барем»

Декабрь 18, 2020 16:29

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии мутахассисон зимистони имсола барвақттар оғоз шуда, дар қиёс ба солҳои пешин сардтар мешавад. Аз ин хотир, талабот ба қувваи  барқ афзоиш меёбад, ки эҳтимол ба системаи энергетикии мамлакат  сарборӣ пеш оварад. Аз ин рӯ агар ҳар кадоми мо дар хона ва  коргоҳ қувваи барқро сарфакорона  истифода барем, ин ба системаи энергетикӣ кумак мешавад. Аз ин хотир, аз ҳамаи соҳибкорони соҳаи фарматсевтӣ ва кормандони сарраёсат хоҳиш карда мешавад, ки барқро сарфакорона истифода баранд.

Ин матлабро сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон   Маҳмадҷон Абдулқодирзода 18 декабр зимни вохӯрӣ бо  соҳибкорони соҳаи фарматсевтӣ ва кормандони сарраёсати мазкур баён намуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сардори раёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дар баробари масъалаҳои зикршуда бояд ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи зарурии доруворӣ кӯшиш ба харҷ  дода шавад. Махсусан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва макони зисту ҷои кор ба мардум вобаста ба пешгирии бемории  COVID-19 ва риояи гигиенаи шахсӣ, риояи  масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб корҳои фаҳмондадиҳӣ боз ҳам пурзӯр карда шаванд.

Декабрь 18, 2020 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст