Маҳсулоти растание, ки дар 5 дақиқа 97% коронавирусро нест мекунад, ёфт шуд

Декабрь 14, 2020 11:41

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Институти вирусшиносии молекулавии маркази тиббии Донишгоҳи Улм маҳсулоти растаниеро кашф карданд, ки метавонад  сирояти коронавирусро то 97% пахш кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik хабар медиҳад, гузориши дахлдор дар сомонаи китобхонаи электронии илмии bioRxiv нашр шудааст.

Таҳқиқот нишон дод, ки масалан, шарбати меваи ғубайрои сиёҳ (черная рябина) метавонад фаъолии SARS-СoV-2-ро дар бадан 96,98% пахш кунад. Ва барои ин ҳамагӣ панҷ дақиқа вақт лозим аст.

Шарбати анор ва чойи сабз низ таъсири шадидтарини зидди вирусӣ ва зиддиилтиҳобӣ доранд — онҳо метавонанд то 80% коронавирусро нобуд кунанд.

Ин шарбат ва чой муҳити туршро ба вуҷуд меоранд ва дорои полифенолҳои растанӣ мебошанд, ки дар онҳо вирус наметавонад зинда бимонад.

Олимон зикр карданд, ки вирусҳои роҳи нафас, пеш аз ҳама, ба гулӯи одам зарба мезананд.

Бинобар ин, муҳаққиқон тавсия медиҳанд, ки беморон ҳалқ ва бинии худро бо ин маҳлулҳо бишӯянд ва ғарғара кунанд.

Қаблан, коршиносон муайян карда буданд, ки оё тавассути ғизо ба коронавирус мубтало шудан мумкин аст ё не. Ҷавоб: не.

-Эҳтимоли ба COVID-19 сироят ёфтан тавассути ғизо ба сифр наздик аст, -чунин меҳисобанд дар Роспотребнадзор. Ин ба ғизоҳои тарабхонаҳо низ дахл дорад.

Табибон мегӯянд, ки хавфи сироятёбӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар ба вайрон кардани чораҳои пешгирикунанда — риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ, напӯшидани ниқоб, риоя накардани гигиена вобаста аст.

                                                                    АКСИ: Sputnik

Декабрь 14, 2020 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид