МАНДАРИН: ФОИДА ВА ЗИЁНИ ОН. Дар ин бора мутахассиси ДДТТ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» маслиҳатҳои муфид дод
ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли аз ҳад зиёди мандарин ба саломатии инсон зарар дорад, зеро дар таркиби ин меваи ситрусӣ фуруктоза зиёд буда, он ба орзанизми инсон таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин бора зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба ғизо Пайрав МАМАДҶОНОВ иброз дошт.
Бино ба гуфтаи ӯ, одатан дар ин айём бозорҳои мо, шукр, ки аз мандарин пур мешаванд, он яке аз меваҳои болдогузар рӯи дастархони солинавии мардуми мо хоҳад буд. Вале фаромӯш набояд кард, ки истеъмоли мандарин ба нафарони гирифтори бемории илтиҳоби шадиди роҳҳои нафас ва аллергия тавсия дода намешавад. Зеро ҳангоми чунин бемориҳо сулфа ва хориши роҳҳои нафас, ки аз истеъмили мандарнин ба вуҷуд меояд, зиёд шуда, метавонад сабаби варам кардани роҳҳои нафас гардад.
«Истеъмоли аз меъёр зиёди мандарин метавонад ба саломатии зани ҳомиладор ва кӯдаки батни ӯ таъсири манфӣ расонад. Инчунин истеъмоли ин навъ мева ба одамони гирифтори бемории захм, гастрит ва дигар бемориҳои узвҳои ҳозима низ тавсия дода намешавад. Хусусан дар давраи авҷи ин бемориҳо истеъмоли он манъ карда мешавад»,- гуфт номбурда.
Вале дар баробари ин, зикр намуд Пайрав Мамадҷонов, мандарин манфиатовар низ ҳаст. Истеъмоли мандарин, ки меваи болаззат буда, бӯи гуворо дорад, барои бартараф намудани фарбеҳӣ кӯмак мерасонад. Тадқиқотҳо собит намудаанд, ки истеъмоли мандарин метавонад ба кам шудани чарбуи ҷигар ва чарбҳои шикам мусоидат кунад. Олимони Япония муайян кардаанд, ки моддаҳои дар таркиби мандарин мавҷудбуда холестеринро пешгирӣ карда, дил ва рагҳои хунгардро аз атеросклероз муҳофизат мекунанд.
Ба зикри Пайрав Мамадҷонов, афшураи тару тозаи мандарин ба кӯдакон ва беморон ҳамчун нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ тавсия дода мешавад. Дар ҳарорати баланди бадан он дар мубориза бо ташнагӣ кумак мекунад. Бинобар хосиятҳои антисептикиаш мандарин таъсири зиддимикробӣ ва зиддивирусӣ низ дорад. Аз ин сабаб ин меваро барои пешгирии сирояти роҳи нафас ва зуком истифода бурдан мумкин аст. Ҷӯшоби пӯсти мандарин барои паст намудани диабет, яъне коҳиш додани сатҳи қанд дар хун мусоидат мекунад.
Ба андешаи табибон, нафароне, ки бемории диабети қанд доранд, дар як рӯз бояд аз ду дона зиёд мандарин истеъмол накунанд. Истеъмоли ин меваи ситрусӣ барои кӯдакони аз 3-сола боло бо меъёри муайян тавсия дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар таркиби мандарин витамини С мавҷуд буда, истеъмоли он барои барқарор намудани иммунитет манфиатовар мебошад. Инчунин он дорои кислотаи калий, магний ва калтсий, витаминҳои C, P, B1, B2, A, D, K мебошад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ “Ховар”








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






