Ба Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2-и шаҳри Душанбе таҷҳизоти маишӣ ва санитарӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 31.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат роҷеъ ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Дар заминаи ҳадафи мазкур ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ ба Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2-и шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби будубош як қисм таҷҳизоти маишӣ ва санитарӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки чунин иқдоми хайрхоҳона дар арафаи ҷашну чорабиниҳои гуногун дар давоми сол аз ҷониби Кумита пеш гирифта мешавад ва он дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






