Маросими савгандёдкунии Байден бо сабаби COVID-19 бо маҳдудиятҳо баргузор мегардад

Декабрь 16, 2020 13:32

ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи тадорукоти маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден аз амрикоиҳо даъват кард, ки аз сафар ба Вашингтон худдорӣ кунанд, зеро ҷашн бо маҳдудият баргузор хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, РИА «Новости» дар ин бора бо истинод ба изҳороти ташкилкунандагон хабар медиҳад.

«Ҷои баргузории маросим бениҳоят маҳдуд хоҳад буд ва паради баъдӣ аз нав дида баромада мешавад. Кумитаи маросими савгандёдкунии президент мардумро даъват мекунад, ки аз ҳар гуна сафар худдорӣ кунанд ва дар маросими савгандёдкунӣ аз хона ширкат варзанд», — омадааст дар изҳорот.

Агентӣ иброз кард, ки мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳӣ Байден 306 овоз гирифт, ки барои пирӯзӣ 270 зарур аст ва бо ин пирӯзӣ дар интихоботи президентии 3 ноябр ғалаба ба даст овард. Натиҷаи овоздиҳии интихобкунандагон 6 январ тасдиқ шуда, маросими савгандёдкунии Байден тибқи Конститутсия бояд 20 январ баргузор шавад.

     АКСИ AP Photo

Декабрь 16, 2020 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид