Машраб Файзуллоев раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид

Декабрь 14, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Файзуллоев Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон  Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёӣ аз 9 сентябри соли 1994 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода роҷеъ ба масъалаи якуми рӯзнома изҳор намуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи Қонун аз мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни амалкунанда ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мебошад.

Дар лоиҳаи Қонуни мазкур мафҳумҳо, принсип ва мақсадҳои  заминсозӣ мушаххас карда шуда, мухолифат ва номукаммалӣ дар таълифи меъёрҳо бартараф ва меъёрҳои таъмини истифодаи пурра, оқилона ва самараноки замин мукаммал гардонида шудаанд.

Тибқи таклифу пешниҳодҳо кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»  матни лоиҳаи Қонун такмил дода шуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло зимни баррасии Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994 иброз намуд, ки        “Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Париж оид ба ҳимояи моликияти саноатӣ 25 декабри соли 1991 ворид шуда, имконияти таъминоти ҳифз ва ҳимояи объектҳои моликияти саноатиро дар хориҷи мамлакат пайдо намуд”.

Вобаста ба ин, Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ба имзо расидааст, ҷиҳати таъмини манфиатҳои мутақобилан судманд ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушди моликияти саноатӣ, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқии намунаҳои саноатӣ ва сатҳи рақобатпазирии корхонаҳо дар ҳудуди давлатҳои аъзои Конвенсия мусоидат менамояд.

Протоколи мазкур низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатиро муқаррар намуда, моҳияти он вобаста ба гирифтани иҷозати ҳифзи намунаи саноатӣ дар якчанд давлатҳо-аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ бо як ариза, бо як забон ва бо супоридани боҷи ягонаи корбарӣ шароит фароҳам меоварад.

Ҳамчунин афзалият барои давлатҳои ба Протоколи мазкур ҳамроҳшуда- ин сарфа намудани хароҷоти маъмурӣ ба соҳибкорон мебошад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аъзо бо пардохти танҳо 20 фоиз аз меъёри умумии пардохти муқарраршуда ба аризаи намунаи саноатӣ метавонанд соҳиби патенти авруосиёгӣ гарданд.

Аз ин рӯ, Протоколи мазкур алоқамандии низоми миллиро бо низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатӣ муқаррар намуда, ба содагардонии бақайдгирии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Арманистон, Беларус ва Федератсияи Россия равона гардидааст.

Декабрь 14, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд