Машраб Файзуллоев раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Файзуллоев Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёӣ аз 9 сентябри соли 1994 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода роҷеъ ба масъалаи якуми рӯзнома изҳор намуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи Қонун аз мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни амалкунанда ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мебошад.
Дар лоиҳаи Қонуни мазкур мафҳумҳо, принсип ва мақсадҳои заминсозӣ мушаххас карда шуда, мухолифат ва номукаммалӣ дар таълифи меъёрҳо бартараф ва меъёрҳои таъмини истифодаи пурра, оқилона ва самараноки замин мукаммал гардонида шудаанд.
Тибқи таклифу пешниҳодҳо кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» матни лоиҳаи Қонун такмил дода шуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло зимни баррасии Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994 иброз намуд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Париж оид ба ҳимояи моликияти саноатӣ 25 декабри соли 1991 ворид шуда, имконияти таъминоти ҳифз ва ҳимояи объектҳои моликияти саноатиро дар хориҷи мамлакат пайдо намуд”.
Вобаста ба ин, Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ба имзо расидааст, ҷиҳати таъмини манфиатҳои мутақобилан судманд ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушди моликияти саноатӣ, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқии намунаҳои саноатӣ ва сатҳи рақобатпазирии корхонаҳо дар ҳудуди давлатҳои аъзои Конвенсия мусоидат менамояд.
Протоколи мазкур низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатиро муқаррар намуда, моҳияти он вобаста ба гирифтани иҷозати ҳифзи намунаи саноатӣ дар якчанд давлатҳо-аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ бо як ариза, бо як забон ва бо супоридани боҷи ягонаи корбарӣ шароит фароҳам меоварад.
Ҳамчунин афзалият барои давлатҳои ба Протоколи мазкур ҳамроҳшуда- ин сарфа намудани хароҷоти маъмурӣ ба соҳибкорон мебошад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аъзо бо пардохти танҳо 20 фоиз аз меъёри умумии пардохти муқарраршуда ба аризаи намунаи саноатӣ метавонанд соҳиби патенти авруосиёгӣ гарданд.
Аз ин рӯ, Протоколи мазкур алоқамандии низоми миллиро бо низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатӣ муқаррар намуда, ба содагардонии бақайдгирии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Арманистон, Беларус ва Федератсияи Россия равона гардидааст.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






