Масъулин бо фаъолияти шабонаи як зумра беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шинос шуданд

Декабрь 14, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд. Аз ҷумла, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи Марказии  ноҳияи Шаҳринав ва Самариддин Ализода аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода боздид намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, муовинони вазир зимни боздид аз фаъолияти  шуъбаҳои беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон бо бемороне, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуданд.

Ҳадаф аз иқдоми  мазкур, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ ва ҷараёни хизматрасонии табибон дар шабонгоҳ, омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, вохӯрӣ бо беморон ва дигар масъалаҳои ҷойдошта мебошад.

Декабрь 14, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд