Матлубахон Сатториён ба аёдати сокини шаҳри Ҳисор, иштирокчии ҶБВ Карим Рашиди 109-сола рафт

Декабрь 25, 2020 12:02

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар доираи сафари корӣ бо ҳамроҳии  Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода  бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо шароити зисти аҳолӣ, бахусус, собиқадорони ҷангу меҳнат аз деҳоти дурдасти шаҳри Ҳисор дидан намуданд. Онҳо дар деҳаи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба хонадони иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Карим Рашиди  109-сола рафта, бо вазъи сиҳатӣ ва рӯзгораш аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон ӯ ва аҳли хонадонашро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карданд. Барои ниёзи рӯзгораш орду биринҷ, пиёзу картошка ва дигар маводи хӯрокӣ дастрас карда шуд.

Ҳайати корӣ дар идомаи сафар аз деҳаи Ҳофизкадаи ҳамин ҷамоат дидан намуда, собиқадори хизмати давлатӣ Асадулло Алиевро, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъолият кардааст, бо аҳли хонадону наберагонаш бо ҷашни Соли нав табрик гуфтанд. Ҳамзамон  дар деҳаи Тахти  Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ Ҳофизи халқии Тоҷикистон Комилҷон Ғаниевро, ки дар рушди фарҳангу ҳунари мардумӣ хизмати шоистаю мондагор кардааст, хабар гирифта, ба фарзандону наберагонаш туҳфаҳои идона ва барои густурдани дастурхони идонаи солинавӣ маҳсулоти хӯрокӣ тақдим намуданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Ҳисор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки ин иқдомро дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ  ҷиҳати ғамхорӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус, ятимону маъюбон ва пиронсолони барҷомонда роҳандозӣ намояд.

Декабрь 25, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд