Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён
ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад:
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён омадааст:
«Аълоҳазрат,
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба ифтихори 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, сидқан табрику таҳният мегӯям.
Ҷониби Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки тайи ин солҳо муносиботи дӯстиву ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо марҳала ба марҳала рушд ёфта, арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифтаанд.
Итминон дорам, ки мо бо саъю талошҳои пайгиронаи муштарак робитаҳои ҳасанаи кишварҳоямонро дар оянда низ мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон тавсеа бахшида, мазмуну муҳтавои онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид.
Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо сиҳатмандии бардавому хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Амороти Муттаҳидаи Араб осоишу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям.
Лутфан эҳтиромоти фоиқа ва таманниёти неки ин ҷонибро ба унвонатон бипазиред».
Дар барқияи табрикии Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Бо салому дуруди беҳтарин,,,
Боиси сарфарозӣ ва камоли хушнудии ин ҷониб аст, ки табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринамро ба муносибати 25-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, барои Ҷаноби Олӣ саломативу саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии минбаъда орзу намоям.
Лутфан, эҳсосоти самимии иззату эҳтироми манро нисбати шахсияти Шумо қабул фармоед».
Дар робита ба фарорасии 25-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, ки ба 18 декабр рост меояд, ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Ноиби Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум, Валиаҳди Абу Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






