Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид аз ҷараёни бунёди ҶДММ «Ширеши тоҷик» боздид намуд

Декабрь 22, 2020 12:57

ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷараёни бунёди ҶДММ «Ширеши тоҷик»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корхонаи мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар он истеҳсоли ширеши сохтмонӣ ба роҳ монда мешавад. Айни замон дар корхона васлу насби таҷҳизот ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 25-30 нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Сипас, муовини якуми Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят бо корҳои сохтмонӣ дар фермаи парандапарварии ҶДММ «Парандапарварӣ-2017» шинос гардиданд. Масъулини фабрика тасмим доранд, ки доираи фаъолияти худро васеъ намуда, барои парвариши боз 65 ҳазор сар мурғ шароит фароҳам оранд.

Асноӣ шиносоӣ таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони соҳаи саноати вилоят тамоми имконияту шароит фароҳам оварда шудаанд ва соҳибкорон бо истифода аз ин имконот барои тақвият бахшидани неруи саноатии вилоят нақши муҳим мегузоранд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз фермаи моли калон ва бузпарварии соҳибкорон Мизобаҳодур Умаров ва Даврон Усмонов боздид намуданд.

Декабрь 22, 2020 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд