Туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони имконияташон маҳдуди шаҳри Ҳисор тақдим гардиданд

Декабрь 30, 2020 16:56

ДУШАНБЕ, 30.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагонаи нобиноён ва сустбини шаҳри Ҳисор ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ  ҷамъомади идона доир гардид, ки зимни он масъулин туҳфаҳои солинавии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба тарбиятгирандагони ин таълимгоҳ тақдим намуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои  табрики тарбиятгирандагони ин муассиса  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндагони масъули  Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳамадюсуф Имомзода, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, Раиси хадамоти назорат ва танзими нақлиёт дар назди Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода омада буданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ба саъми тарбиягирандагони муассиса салому пайғом ва муҳаббату таманниёти Пешвои муаззами миллатро ба ифтихори Соли нави мелодӣ расонида,  иброз дошт, ки  «Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуморо фарзанди маънавии худ шуморида,  ниҳоят дӯстатон медоранд, пайваста дар пайи ғамхориятон  ҳастанд ва раисони шаҳру навоҳии кишварро доимо таъкид мекунанд, ки аз  рузгоратон  бохабар бошанд».

«Ҳар боре, ки Пешвои муаззами миллат ба вилоят ва шаҳру навоҳии мамлакат сафар мекунанд аз аҳволи  Шумо бохабар мешаванд ва дар ҳар иду айём, бахусус дар арафаи ҷашнҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави мелодӣ шуморо бо ғамхорӣ фаро мегиранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки шумо аз сухану кумакҳои Роҳбари давлат рӯҳбаланд гардида, руҳу илҳом мегиред, хубу аъло хонда фарзандони содиқи ҳамин миллату  давлат мегардед»,-афзуд номбурда.

Ҷамъомади тантанавиро  шеъру таронаҳои бачаҳои имконияташон маҳдуди мактаб-интернат дар васфи Ваҳдату Пешвои миллат, Ватану Истиқлолият шукӯҳи дигар бахшид.

Декабрь 30, 2020 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид