Неруҳои ҳукуматии Афғонистон дар вилояти Қандаҳор 17 ҷангиро маҳв намуданд

Декабрь 17, 2020 14:05

ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои ҳукумати Афғонистон ҳамлаҳои аъзои ҳаракати «Толибон»-ро дар ҳавзаи Панҷвоии вилояти Қандаҳор дар ҷануби кишвар пешгирӣ карданд ва пас аз ин шӯришиён маҷбур ба фирор шуданд. Дар маҷмӯъ, низомиён 17 ҷангиро маҳв намуданд. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати мудофиа омадааст, ки рӯзи чоршанбе интишор ёфт.

Дар ин санад қайд шудааст, ки бо дастгирии авиатсияи ҳарбӣ, неруҳои ҳукуматӣ 17 террористро кушта ва силоҳу лавозимоти ҷангии онҳоро маҳв  ва кӯшиши пешрафти «Толибон» -ро қатъ карданд.

Дар изҳорот оид ба талафот неруҳои ҳукуматӣ ва ё набудани талафот хабар дода нашудааст.

«Толибон», ки дар ҷануби Афғонистон фаъолтар шудаанд, то ҳол дар ин маврид тавзеҳот надодаанд.

Декабрь 17, 2020 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид