ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда мешавад

Декабрь 2, 2020 08:07

 ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво  0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона  0-5   дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа  хунук ва рӯзона  3+8 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водибуда борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳода борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва  тағйирёбанда шуда, рӯзона борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм ва рӯзона  13+15 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 2, 2020 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд