ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Декабрь 29, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо  туман мефарояд.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 12-17, дар баъзе ноҳияҳо то 20-22 хунук ва рӯзона аз 4-9 то 12-14 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  аз 26-31 то 34-39  ва рӯзона то 18-23  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳаво 10-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7-12  то 15-17 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  8-10 дараҷа хунук  ва рӯзона   1+3 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 29, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид