Қосим Роҳбар бо нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар бозори шаҳри Бохтар шинос шуд

Декабрь 23, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар зимни сафари корӣ  ба шаҳри Бохтар, ба ғайр аз суҳбату вохӯриҳо бо масъулин ва сокинон   дар самти сарфакорона истифода бурдани  неруи барқ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ,  бо раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода  аз бозори «Ҳоҷишариф»-и шаҳр дидан намуд. Онҳо   бо нархҳои махсулотҳои ғизоӣ  дар ин бозор шинос шуда,  ба масъулин оид   ба танзим даровардани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро расониданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси шаҳри Бохтар иттилоъ доданд.

Зимни боздиди номбаршудагон дар  бозори мазкур 1 килограмм маҳсулоти ниёзи аввал чунин нархгузорӣ шуда буд:  картошка 3,30 сомонӣ, пиёз 1,50 с, сабзӣ 1 сомонию  50 дирам,  шир 3,5 – 4, 5 сомонӣ, тухм 1 сомонӣ,  карам 2 сомонӣ,  гӯшти гов 50 сомонӣ,  гӯшти гӯсфанд 54 сомонӣ,  равғани «Олейна»  19 сомоню 50 дирам,  3 кг равғани пахта 65 сомонӣ,  орди навъи  якум 240 сомонӣ, орди  навъи дуюм 230 сомонӣ.

Зимни боздид  мушоҳида гардид, ки баъзе аз  савдогарони ин  бозор ба сарфаи неруи барқ аҳамияти ҷиддӣ надода,  дар равшании ҳаво, безарурат   чароғи дӯконҳои худро фурӯзон нигоҳ дошта, барои таъмини гармӣ аз таҷҳизоти худсохт, ки оташангез мебошанд, истифода мебаранд. Аз ин рӯ, аз ҷониби меҳмонон баҳри самаранок истифода бурдани  қувваи барқ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дастуру супориш дода шуд.  Инчунин  ба савдогарон дастур дода шуд, ки  ба мардум маҳсулоти хушсифатро пешкаш намуда,  зимни    нархгузорӣ  боинсоф бошанд. Масъулин ҳам барои  танзиму назорати ҷиддии нарху наво дар бозор супориши қатъӣ гирифтанд.

Декабрь 23, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод