Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Москва сазовори панҷ медал гардиданд

Декабрь 21, 2020 09:57

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем,  18-19  декабр дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии шаҳри Москваи Россия   Ҷоми ҷаҳонии самбо ба   ёдбуди Анатолий Харлампиев-2020 баргузор гардид, ки дар он 11 нафар паҳлавонони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Алимуҳаммад Алиев (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг) ва Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон рақобат карданд. Чор нафари дигар — Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок намуда, сазовори 5 медали биринҷӣ гардиданд.  Дар ин бора аз Федератсияи самбои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Ба барномаи ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардон дохил буд. Ба далели пандемияи COVID-19 мусобиқа бе ҳузури тамошобинон доир гардид. Чор нафар варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа панҷ медал гирифтанд, ки ҳамааш биринҷист. Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ — дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ аз намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд.

Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ гирифтанд.

Варзишгарони дастаи  мунтахаби Россия бо касби 42 медал (22 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд. Онҳо ҳам дар самбои варзишӣ миёни мардону занон ва ҳам оид ба самбои размӣ дар ҳисоби дастаӣ ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Дар сабқати мардон ҷойи дуюм насиби дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ва ҷойи сеюм насиби дастаи мунтахаби Қирғизистон гардид. Дар сабқати занон ҷойи дуюмро дастаи мунтахаби Руминия ва ҷойи сеюмро дастаи  мунтахаби Беларус ишғол карданд. Дар сабқати самбои размӣ ҷойи дуюмро дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ва ҷойи сеюмро дастаи мунтахаби Баҳрайн гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ  ба ёдбуди Анатолий Харлампиев, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ-аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон — Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо — Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) — бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар ин мусобиқа ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило ва Бахтовар Абдуллоев дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашта буданд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳонии самбо ба ёдбуди Анатолий Харлампиев»-2020 дар Москва:

Самбои варзишӣ

Мардон

52 кг

  1. Толобек Бекетов (Россия)
  2. Имонбек Тентиев (Қирғизистон)
  3. Андрей Кубаков (Россия)
  4. Лулиян Арапан (Mолдова)

57 кг

  1. Саян Хертек (Россия)
  2. Тигран Киракосян (Aрманистон)
  3. Алимуҳаммад Алиев (Tоҷикистон)
  4. Кайрат Жусуп Уулу (Қирғизистон)

62 кг

  1. Владимир Мнатсаканян (Россия)
  2. Фирӯз Файзуллоев (Узбекистон)
  3. Арам Агаҷанян (Aрманистон)
  4. Анушервон Назарзода (Россия)

68 кг

  1. Давлатҷон Ҳамроев (Узбекистон)
  2. Артём Горковетс (Россия)
  3. Фарҳод Абжалиев (Қирғизистон)
  4. Тигран Шаров (Россия)

74 кг

  1. Сорбон Эрназаров (Узбекистон)
  2. Рамед Гукев (Россия)
  3. Деваштич Убайдӣ (Tоҷикистон)
  4. Ласло Жоке (Руминия)

82 кг

  1. Денис Суханов (Россия)
  2. Улуғбек Раҳмонов (Узбекистон)
  3. Урмат Мамбетжан Уулу (Қирғизистон)
  4. Суннат Абдумаҷидов (Узбекистон)

90 кг

  1. Антон Коновалов (Россия)
  2. Неъмат Ёқубов (Узбекистон)
  3. Ваҳаг Чалян (Aрманистон)
  4. Тимофей Емелянов (Беларус)

100 кг

  1. Алсим Черноскулов (Россия)
  2. Максим Лихаветс (Беларус)

+100 кг

  1. Аслон Камбиев (Россия)
  2. Владимир Гаҷик (Сербистон)
  3. Андрей Волков (Россия)
  4. Даниел Натеа (Руминия)

Самбои размӣ

52 кг

  1. Дилшод Гадоев (Узбекистон)
  2. Родион Асканаков (Россия)
  3. Муҳаммадалӣ Эргашев (Қирғизистон)
  4. Илнур Аҳмадалиев (Россия)

57 кг

  1. Александр Нестеров (Россия)
  2. Лутфулло Саидаҳмадов (Узбекистон)
  3. Алимуҳаммад Алиев (Tоҷикистон)
  4. Ай-Херел Хертек (Россия)

62 кг

  1. Александр Саликов (Россия)
  2. Саяк Бабаканов (Қирғизистон)
  3. Фёдор Дуряманов (Россия)
  4. Владислав Михейчик (Беларус)

68 кг

  1. Вадим Шагин (Россия)
  2. Самвел Бадалян (Aрманистон)
  3. Муҳиддин Муҳиддинов (Tоҷикистон)
  4. Александр Донтсов (Россия)

74 кг

  1. Филипп Косирев (Россия)
  2. Акау Аскаралӣ Уулу (Қирғизистон)
  3. Неъмат Абдурашидов (Қирғизистон)
  4. Зоир Азизов (Россия)

82 кг

  1. Аслонбек Кодзаев (Россия)
  2. Фурқат Рӯзиев (Узбекистон)
  3. Николай Роташник (Россия)
  4. Бектур Идрисов (Қирғизистон)

90 кг

  1. Руслан Наҷмиддинов (Россия)
  2. Ёралӣ Абраев (Узбекистон)
  3. Магомед Магомедов (Россия)

100 кг

  1. Максим Футин (Русия)
  2. Жанибек Аматов (Қирғизистон)
  3. Шамил Курагомедов (Россия)

+100 кг

  1. Раша Хархашаев (Баҳрайн)
  2. Ҳакимҷон Исмоилов (Узбекистон)
  3. Осмонбег Қуқаниев (Tоҷикистон)
  4. Олег Кубанов (Россия)
Декабрь 21, 2020 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО 2024. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд нуҳ паҳлавони тоҷик иштирок менамоянд
ФУТБОЛ. Дар Душанбе марҳилаи якуми даври омӯзишӣ барои довталабони иҷозатномаи «В» оғоз ёфт
Дар ноҳияи Ховалинг Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Варзишгари тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук соҳиби медали тилло гардид
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар ноҳияи Данғара муайян гардиданд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи 12-ум Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб гардид
QAZAQSTAN BARYSY GRAND SLAM 2024: Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад
ФУТБОЛ. Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар шаҳри Турсунзода доир мегардад
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар шаҳри Турсунзода доир мешавад
Муҳаммад Шарифзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо соҳиби медали тилло гардид
Ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардид