Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Корея Технолоҷӣ»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр Корея Технолоҷӣ» ба фаъолияти марҳилаи аввали Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Дар корхона 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар он истеҳсоли беш аз 100 номгӯй маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар марҳилаи аввал 100 ҳазор фурӯзонак дар як моҳ ва 1 миллиону 200 ҳазор дона дар як сол буда, барои таъмини талаботи бозори дохилӣ равона карда шудааст.
Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар мамлакат ягона буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини саноатикунонии босуръати кишвар дар доираи ҳамкории Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо ҷалби сармояи ширкати кореягии Гайа Энерҷӣ Ко ЭЛТЕДЕ (GAIA ENERGY Co.Ltd) сохта шудааст.
Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дорои анбори маҳсулоти хом, хати истеҳсолӣ, анбори қуттиҳои тайёр ва озмоишгоҳ буда, дар масоҳати 400 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Дар корхона феълан истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ барои роҳҳои мошингарду пиёдагард, кӯчаву хиёбонҳо, ороиши биною иншоот ва равшаннамоии дохили хонаҳо ба роҳ монда шудааст.
Истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ, ки дар корхона бо истифода аз технологияи муосири RFSemi роҳандозӣ мегардад, имкони фаъол будани онҳоро то зиёда аз 100 ҳазор соат бештар мекунад.
Аснои шиносоии Президенти мамлакат бо раванди истеҳсолот ва васлу насби таҷҳизоти равшанидиҳанда дар ин корхона иттилоъ дода шуд, ки фурӯзонакҳо пурра тариқи дастгоҳҳои рақамӣ ва барномаҳо аз як марказ идора карда шуда, ҳангоми кам гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон шиддати қувваи барқ дар онҳо паст ё қисман хомӯш карда мешавад, ки ба сарфаи неруи барқ ва муҳлати истифодаи фурӯзонакҳо мусоидат менамояд.
Ҳамчунин кори фурӯзонакҳо бесадо буда, барои кор дар шароити борону тӯфонҳои шадид пешбинӣ шуда, дар самти амалигардии лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” низ кумак менамоянд.
Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе ивазкунандаи воридот буда, аз ҷиҳати кафолатнокӣ аз 1 то 3 сол пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияти Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҷиҳати истифодаи пурра аз иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони мамлакат дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар марҳилаи аввали фаъолияти корхонаи саноатӣ воридоти таҷҳизот ва технология ҷиҳати васлу насб ва санҷиши сифати маҳсулот, инчунин воридоти қисмҳои алоҳидаи фурӯзонакҳои диодӣ аз Ҷумҳурии Корея ва васлу насби онҳо амалӣ карда шудааст.
Фаъолияти корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар шаҳри Душанбе дар се марҳила амалӣ мегардад.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди чор корхонаи нави саноатӣ ва марҳилаи дуюму сеюми Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда муаррифӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюм ва сеюми корхона воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ ва технология аз Ҷумҳурии Корея дар назар дошта шуда, истеҳсоли пурраи диодҳо ва дигар қисмҳои фурӯзонакҳо дар дохили кишвар ба роҳ монда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар марҳилаи дуюм 12 миллион ва дар марҳилаи сеюм 20 миллион дона фурӯзонаки диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда буда, 150 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҳамчунин дар доираи татбиқи ҳадафҳои мушаххас дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионӣ бунёди чор корхонаи нави муштарак, аз ҷумла рангҳои насли нав, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти сантехникӣ ва асбоби барқиро ба нақша гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар шаҳри Душанбе аввалин корхонаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳким бахшида, муносиботи дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар бештари соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ бо ин кишвар ба роҳ мондааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо фаъол гардидани корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи ҳамкории муштарак бо Ҷумҳурии Корея боз 250 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад ва дар роҳи истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содироти он ба хориҷ заминаҳои устувор фароҳам мегарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Акбар Ғуломовро ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2020” намуна арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ ва роҳандозии содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.