Рамазон Раҳимзода ба сокинони Ховалинг зарурати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва вусъати корҳои созандагию ободониро бахшида ба ҷашни миллӣ шарҳ дод

Декабрь 21, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мақсаду мароми ҳар як сокини ин сарзамин гардад ва ҳар фарди ватандӯстро лозим  аст, ки  бо обод намудани манзили зист, деҳа ва шаҳри худ ин санаи таърихиро  сазовор  пешвоз бигирад. Ин матлабро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки Ситоди таъсисшуда  оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқро дар ҷумҳурӣ роҳбарӣ менамояд, дирӯз  дар ҷаласа бо фаъолони  ноҳияи Ховалинг  баён намуд.

Зимни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки “бояд неруи барқро сарфакорона истифода бурда, то 50 фоиз истифодаи онро коҳиш диҳем ва пеши роҳи масрафи беҳудаи онро гирем. Бояд ба сокинон вазъи баамаломадаро фаҳмонем ва дар якҷоягӣ ин мушкилро бартараф созем”.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Рамазон Раҳимзода ҷиҳати сарсабзу зебо гардонидани муҳити зист иброз дошт, ки тасмим гирифтаанд дар ноҳияи Ховалинг иловатан боз 20 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзи магнолия, арчаҳои сӯзанбарг, шоҳбулут ва ғайраҳо шинонида, онҳоро хуб нигоҳубин намоянд.

“Дарахтҳои куҳансоли пӯсида ва каҷу килеб ба дарахтони зебо иваз карда шаванд”,-пешниҳод намуд  Вазири корҳои дохилӣ.

Дар зимн дастур дода шуд, ки дарахтҳоро эҳтиёт намоянд, то чорвои майда ва калон онҳоро нобуд накунанд.

Вазири корҳои дохилӣ  зикр кард, ки  бо корҳои анҷомдодашуда барои зимистонгузаронии мактабҳо ва беморхонаҳо шинос шуд ва аз ҳисоби вазорат онҳоро бо захираи ангишт таъмин менамоянд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки масъулин бояд пеши роҳи ҳодисаҳои табиӣ, омадани сел ҳангоми бориши зиёд ва масъалаҳои соҳилбандиро ҳамаҷониба омӯзанд ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Зикр гардид, ки ноҳияи Ховалинг хушобу ҳаво буда, табиати дилпазири он барои тараққӣ додани соҳаи занбӯрпарварӣ ва гирифтани асал мусоид мебошад. Бинобар ин соҳаи занбӯрпарварӣ тараққӣ дода шуда, маҳсулоти он бояд ба хориҷи мамлакат  интиқол дода шавад.

Барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ ва ба сайёҳон пешниҳод ва ба фурӯш баровардани онҳо дастур дода шуда, зикр гардид, ки нуқтаҳои савдо барои фурӯши маҳсулот ба сайёҳон ташкил карда шаванд.

Дар ноҳияи Ховалинг 6903 хоҷагӣ ва дар шаҳраки Ховалинг 1430 хоҷагӣ ҳастанд, ки то имрӯз қариб бо ҳамаи сокинони онҳо вохӯриҳо гузаронида шуда, миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ баргузор гардид, расонида шуд ва инчунин оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ суҳбатҳои муфид доир карда шуданд.

Дар хотимаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки ҳамагон бояд дар якҷоягӣ меҳнат намуда, давлатамонро ба сарзамини ҳамешабаҳор мубаддал намоем.

Декабрь 21, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид