Роҳҳои оҳани Россия барои интиқоли сабзавот аз Тоҷикистон ва Ӯзебакистон дар соли 2021 50% тахфиф ҷорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои оҳани Россия (РОР) соли 2021 тарифҳои интиқоли металҳои сиёҳ, контейнерҳо, контрейлерҳо ва маҳсулоти меваю сабзавотро дар як қатор самтҳо коҳиш медиҳанд. Аз ҷумла, барои ба Россия ворид намудани меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 50% тахфиф пешбинӣ шудааст, менависад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маълумоти РОР.
«Аз 1 январи соли 2021 то 31 декабри соли 2021 барои интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Россия тавассути вагонҳои яхдондори марбут ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»ва ҶСК» Ӯзбекистон «Темир Юллари» «50% тахфиф пешбинӣ шудааст», — гуфта шудааст дар изҳороти РОР.
Давоми тамоми соли 2021 барои интиқоли контейнерҳои пурбор дар таркиби қаторҳои контейнеркашон аз истгоҳҳои марказии москвагии (Ховрино ва Электроугл) ба Екатеринбург (ба истгоҳҳои Екатеринбург-Товарный, Екатеринбург-Сортировочный ва Шарташ) 14,8% тахфиф ҷорӣ карда мешавад, ба шарте ки қатора на камтар аз 100 TEU (ҳамсони контейнери 20-фута) бор карда шавад, аз ҷумла ҳадди аққал 50 TEU контейнери пурбор. Барои фиристандагони борҳо ҷиҳати интиқоли контейнерҳои пурбор дар таркиби қаторҳои контейнеркаш аз истгоҳи Кунтсево II (Москва) ба истгоҳи Екатеринбург-Товарний бо дарназардошти ҳаҷми бори ба қатораҳо боршуда аз 7,7 то 16,2% тахфиф пешбинӣ шудааст.
Барои контейнерҳои пурбор, ки дар ҳайати қатораҳои контейнеркашон интиқол меёбанд, инчунин барои интиқоли контрейлерии (назоратшаванда) дар қаторҳои автомобилҳо, трейлерҳо, нимаядакҳо ва бордонҳои ҷудошавандаи мошинҳо, ки дар ҳайати қаторҳои контейнерӣ дар платформаҳои махсус ба масофаи то 2 ҳазор км интиқол дода мешаванд, 6,3% тахфиф пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, дар давраи аз 1 июли соли 2021 то 31 октябри соли 2021 барои интиқоли мева ва сабзавот дар дохили Россия тавассути вагонҳои пӯшида аз истгоҳҳои роҳи оҳани Волга ва Кавкази Шимолӣ ба истгоҳҳои роҳи оҳани Куйбишев, Москва, Октябр, Горкий, Свердлов то 3 ҳазор км 41% тахфиф пешбинӣ шудааст.
Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, моҳи ноябри соли равон Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳангоми сафари худ ба Москва дар мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ин мавзӯъро ба миён гузошта буд. Рустами Эмомалӣ зикр карда буд, ки зарфияти сармоягузорони Россия дар Тоҷикистон ҳанӯз пурра татбиқ нашудааст ва бояд минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои афзоиши нишондиҳандаҳо дар ин самт истифода шаванд.
Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, ба васеъ кардани номгӯи мева ва сабзавоти босифати содиротӣ ба бозори Россия алоқаманд мебошанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Дар Душанбе дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР баррасӣ гардид
Дар Душанбе оид ба сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо» вохӯрӣ доир шуд
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нархи семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон– муқобили коррупсия» қадрдонӣ карда шуданд
Дар Остона ҷаласаи 12-уми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
Тоҷикистон лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби партовҳо амалӣ менамояд
Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон қариб 9 миллион доллар афзоиш ёфтааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд






