Ровии як телевизиони хусусӣ дар ҳамлаи силоҳбадастон дар Нангарҳор ҷон бохт
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сухангӯйи волии Нангарҳор иттилоъ додааст, ки Малолай Майванд ҳангоме ҳадафи тир қарор гирифт, ки ба сӯи дафтари кориаш мерафт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.
Оятуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор, имрӯз (10 декабр) изҳор намуд, ки Малолай Майванд, сухангӯи шабакаи хусусии радио ва телевизиони ин вилоят, дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар Ҷалолобод бо ронандааш кушта шудааст.
Хугиёнӣ илова намуд, ки ин ҳодиса тақрибан соати 7:10 субҳи имрӯз дар минтақаи «Гулоии Арабон»-и ноҳияи сеюми Ҷалолобод, вақте ки Малолай Майванд ба сӯи дафтари кориаш равон буд, рух додааст.
Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон», масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
Ин саввумин рӯзноманигори кушташуда дар кишвар дар як моҳи охир аст.








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






