Рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир оид ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр мулоқоти видеоии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо муовини парлумонии Котиби давлатии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Венди Мортон баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд. Дар суҳбат инчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамсуҳбатон аҳамияти тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявиро таъкид карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






