ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2021: ШАҲРИ САЙЁҲӢ ВА ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ. Муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ дар бораи имкониятҳо ва зарфиятҳои пойтахти Тоҷикистон дар соҳаи туристӣ

Декабрь 31, 2020 16:32

ДУШАНБЕ, 31.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО)   — шаҳри сайёҳӣ эълон шудааст. Ширкати «Турстат»-и Россия Душанберо ба рӯйхати шаҳрҳои амнтарини ИДМ дохил намуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума МУИНӢ доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори маишӣ дар пойтахт андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин баён намуд: 

— Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”

Бо роҳнамоии Сарвари давлат таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ афзалият пайдо намуда, ташаббусҳои бунёдӣ гузошта шуд. Бо ин мақсад дар кишвар соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар пойтахт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардидаанд, ки дар рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардааст.

Бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои муассири шаҳри Душанбе аз 27 феврали соли 2018 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, аз 6 феврали соли 2019 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз 17 майи соли 2019, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳия гардида, бо қарорҳои Раиси шаҳр тасдиқ карда шуданд.

Инчунин, бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2018. № 555 “Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 — 2020” ва аз 8 августи соли 2019, №471 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019 — 2022 ба тасвиб расонида шуданд, ки ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ ва бунёду беҳсозии инфрасохтори муосири соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат намуда истодааст.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, коххои “Наврўз” “Борбад”, “Ваҳдат”, “Сурўш”, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рўйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.

Баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр, маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.

Ҳамзамон дар пойтахт Кохи “Наврӯз”, ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000 солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.

Дар ин давра бо мақсади мутобиқ намудани иншооти сайёҳии пойтахт ба меъёрҳои байналмилалӣ 4 пули автомобилгарду қаторагард, ду роҳи сесатҳа, ду роҳи дусатҳа ва 127 истгоҳи наву замонавӣ таъмир, таҷдид ва азнвасозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.

Инчунин, 2750 адад нақлиёти мусофиркашонии ширкатҳои кироякаши таксӣ бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонида шуда, намои 310 адад бинову иншоотҳо бо равшанидиҳии беруна таъмин карда шуд.

Давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ як қатор тадбирҳои нав рӯи кор омаданд.

Дар ин давра дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии “Алишер Навоӣ”, “Куруши Кабир”, “Ҷавонон”, “Аҳмади Дониш” ва “Восеъ” сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии “С.Айнӣ”, “Кӯли Ҷавонон”, “Абулқосим Фирдавсӣ”, “Хайём”, “Кӯдакон” ва “А.Мироненко” пурра азнавсозӣ гардидааст.

19 июни соли 2017 дар пойтахт бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази нави муҳташами истироҳатии “Обшорон” – аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази истироҳатии “Обшорон” аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи аквапарк ва шиноврию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозии шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат мебошад.

Ҳамзамон 30 августи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Маркази истироҳативу фарҳангӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” пас аз азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҳудуди Марказ таваққуфгоҳ (барои 500 нақлиёт), мағоза, тарабхона, каҳвахона, ошхонаи миллӣ, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кӯл ҷойгир буда, дар як вақт имконияти қабули 700 нафар меҳмононро дорад.

Дар марказ имкони истифода аз катамаран, флейборд ва гидросикл фароҳам буда, соҳили кӯл аз қуми махсуси баҳрӣ, ки аз шимоли кишвар оварда шудааст, руйпӯш гардидааст, ки он ба саломатии инсон манфиатовар мебошад.

21 июли соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ марвиди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 адад воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2500 ҷойи нишаст, буда, ҳамчунин дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад, иборат мебошад. Инчунин маҷмаа дорои толорҳои намудҳои гуногуни варзиш буда, дар он каҳвахона, толори нишастҳои матбуотӣ, утоқҳои барқароркунии саломатӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дигар шароитҳои созгор фароҳам оварда шудааст.

Бунёду ба истифода додани иншоотҳои истироҳативу солимгардонии болозикр ва дигар инфросохтори фароғативу сайёҳӣ боиси муаррифии як гӯшаи Ватани маҳбубамон — шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Бо мақсади боз ҳам зебову сарсабз ва аз лиҳози энергияи сабз таъмин намудани фазо ва симои пойтахт танҳо соли ҷорӣ ба миқдори 122,9 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 6444 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ, 13,3 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола, аз ҷумла 4,5 миллион гули лола дар кўчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ шинонида шуданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар доираи нақшаву барномаҳои қабулгардида давоми ду соли охир бо мақсади рушди сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои пойтахт 50 фестивалу озмунҳо, аз қабили “Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ”, “Чакомаи гесӯ”, “Атласу адрас”, “Сад ранги чакан”, “Шукуфаҳои пойтахт”, “Мо насли хушбахти замон”, “Ҷилваи рангҳо”, “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, “Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ….”, “Дастархонороӣ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Сайри гули лола”, “Хуришҳои миллӣ ва муосир”, “Беҳтарин ҳунарҳои ороши аз санг”, “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам”, “Таомҳои миллӣ”, “Беҳтарин армуғони сайёҳӣ”, “Оши палав” ва ғайра баргузор карда шуда, дар доираи онҳо намоишгоҳҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуданд.

Бори нахуст дар пойтахти мамлакат ду Форуми байналмилалӣ “Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” ва “Душнабе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон” дар сатҳи баланд бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ баргузор карда шуда, рӯзҳои фарҳангии Санкт –Петербург дар шаҳри Душанбе ва Рӯзҳои фарҳангии Душанбе дар Санкт – Петербург доир гардиданд.

Дар ин марҳила 4 маротиба Фестивали тобистонаи Душанбе — Dushanbe Summer Fest ва Фестивали таомҳо ва мусиқӣ, 3 конференсияи илмӣ – назариявӣ (дар мавзўи “Рушди хизматрасонии сайёҳати истироҳатӣ — табобатӣ ва беҳдошти он”, “Пешвои миллат – ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”, «Рушди ҳунармандӣ дар оила — омили саодату пойдории он»), 10 озмуни зеҳниву маърифатӣ (дар мавзуҳои “Дастони муъҷизаофар”, Ҳунарманди беҳтарин”, “Ба як мард чил ҳунар кам аст”) бо фарогирии беш аз 300000 нафар сокинони пойтахт ва шаҳрвандони хориҷӣ доир карда шуда, 15 маротиба сайёҳати ҷавонон, бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ, ятимон, шахсони яккаву танҳо ва бесаробонмондаи пойтахт ба мавзеҳои таърихиву фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Варзоб, Ёвон амалӣ гардида, ташрифи сокинони касбу кори гуногуни дигар минтақаҳои кишвар ба пойтахт ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра баҳри ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба миқдори 15000 нусха маводҳои таблиғотӣ, аз қабили харитаи сайёҳии пойтахт, буклет, фиттаҳои махсус, роҳнамо барои сайёҳон, китобчаи электронӣ (планшет) бо забонҳои русӣ ва англисӣ, китоби “Душанбе – қалби Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода гардида, тақсимоти ройгони онҳо ба ширкатҳои сайёҳиву нақлиётӣ, истгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, Фурудгоҳи байналмилӣ, Роҳи оҳан, терминали Азия экспресс ва меҳмонони хориҷӣ ба роҳ монда шуда, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Роҳи оҳани Тоҷикистон ва терминали Азия экспресс гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Ҳамзамон сомонаи расмии сайёҳии шаҳри Душанбе бо суроғаи www.dushanbe-travel.tj фаъол гардида, дар он харитаи электронии мавзеъҳо ва иншоотҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ҷойгир карда шуд.

Дар рушду инкишофи сайёҳӣ муҳити одобу сатҳи маънавӣ ва иштироки ҷомеа низ аҳмияти махсус дорад. Вобаста ба ин 1357 мулоқоту вохўриҳом масъулин бо ҷалби аҳолии пойтахт гузаронида шуда, тавассути муассисаи давлатии Телевизиони “Душанбе” 4 гузориши махсус, 17 роликҳои таблиғотӣ ҳамарӯза инъикос гардида, дар рӯзномаи “Паёми Душанбе” 57 мақолаҳо оид ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ба табъ расонида шуд.

Дар ин давра бо мақсади ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, қаннодӣ, бофандагӣ, гулпарварӣ, попурзанӣ, атласу адрасбофӣ, дуредгарӣ, кафшергари газу барқ, ороиши мўй фаро гирифтани занону ҷавонон низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар робита ба дастгирии ҳунармандон ва мусоидат ба рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сокинони пойтахт 73 адад марказҳои ҳунармандӣ бо таъсиси 474 ҷойи кор тавассути ба иҷора гирифтани ҷойҳои ҷамъиятие, ки дар тобеияти муассисаҳои давлатии “Ҳунарҳои мардумӣ”-и ноҳияҳои шаҳр қарор доранд ташкил карда шуда, фаъолият карда истодаанд.

Танҳо давоми соли ҷорӣ дар марказҳои мазкур 1282 нафар занону ҷавонони бекор ба омўзиши ҳунар фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон дар ин давра бо дастгирии муҳтарам Раиси шаҳр 240 нафар занону духтарон аз оилаҳои ниёзманди пойтахт ба курси омӯзишии “Бонуи ҳунар” фаро гирифта шуда, ба онҳо касбҳои қолинбофӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ ва қаннодӣ омӯзонида шуданд.

Дар ҳамкорӣ бо Агентии шуғли аҳолӣ дар марказҳои мазкур 2500 нафар, ки аз ин 2166 нафар занон мебошанд, ба омўзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар маҷмуъ 242 нафар зиёд мебошад.

Соли 2018 бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти соҳаҳо ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шӯрои рушди сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ (Санъо (Ҷумҳурии Яман); Лусака (Ҷумҳурии Замбия); Монастир (Ҷумҳурии Тунис); Лаҳор (Ҷумҳурии Исломии Покистон); Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия); Боулдер (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико); Ройтлинген (Ҷумҳурии Федеративии Олмон); Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон); Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон); Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон); Санкт — Петербург (Федератсияи Россия); Минск (Ҷумҳурии Беларус); Урумчи (Ҷумҳурии Халқии Хитой); АНҚАРА (Ҷумҳурии Туркия); Сямэн (Ҷумҳурии Халқии Хитой), Ашқобод (Туркманистон); Хайнан (Ҷумҳурии Халқии Хитой) ва Чиндао (Ҷумҳурии Халқии Хитой) муносибатҳои дўстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамзамон, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамин тариқ, дар шаҳри Душанбе 3 нақшаи чорабиниҳо ва 1 барномаи давлатӣ, ки дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2018 — 2022 қабул ва амалӣ шуда истодаанд ва баҳри татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 1 миллиону 313 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар пойтахт бо роҳнамоиҳои пайвастаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри равнақ бахшидани бахши хизматрасонӣ ва муосиру содда гардонидани он, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, системаи камераҳои мушоҳидавии “Шаҳри бехатар”, автобусҳои муосири дорои системаи “Wi-Fi” бо низоми корти пластикӣ ва бо тарҳи муосири хизматрасонии шабонарўзӣ фаъолият доштани таксиҳо, ороиши бадеии кӯчаву хиёбонҳо бо истифода аз дастгоҳу чароғакҳои ороишиву иллюминатсионӣ, барандаҳои рекламавӣ ва ҷорӣ гардидани хизматрасониҳои электронӣ тариқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, амалӣ гардида истодааст.

Дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳу талошҳои бевоситаи Раиси шаҳр дар самти сайёҳӣ аст, ки соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) шомил гардида, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри сайёҳат ва сафари шабона арзёбӣ гардидааст.

Аз 3 октбяри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шўрои вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.

Албатта бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, роҳнамоиҳои Раиси шаҳр ва бо заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.

Дар баробари дигар омилҳо ба таъмини нишондодҳо ва афзалиятҳои бахши сайёҳӣ пеш аз ҳама фаъолияти якҷояву муштараки мо бо ниҳодҳои алоқаманди шаҳриву ҷумҳуриявӣ мусоидат менамояд.

Итминон дорем, ки дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳнамоиҳои Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа ва масъулин баҳри таъмини сиёсати давлатии сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ дар пойтахт амалӣ мегарданд.

Декабрь 31, 2020 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе омодагӣ ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд
Шаҳрҳои Душанбе ва Нарваи Эстония ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун тақвият медиҳанд
Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад