Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон мулоқот намуд

Декабрь 30, 2020 08:16

ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар Кобул мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Шӯрои миллии Ҷумҳури Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масоили марбут ба густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, таъсиси гурӯҳҳои дустӣ ва табодули сафарҳои расмию кории ҳайатҳои маҷлисҳои намояндагони Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муштаракоти фаровони таърихию фарҳангӣ, марзи муштараки тӯлонӣ ва фазои ҳамсоягии нек ба Тоҷикистону Афғонистон имкон додааст, ки равобити худро дар ҳамаи заминаҳо тавсеа бахшанд ва ҳамкориро дар бахшҳои зербиноӣ, ки барои ҳар ду кишвар ва минтақа судманд аст, беш аз пеш тақвият бахшанд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 30, 2020 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард