Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр бо ибтикори Палатаҳои иқтисодии Австрия (WKO) форуми иқтисодӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Палатаҳои иқтисодии Австрия ва зиёда аз 50 ширкати истеҳсолӣ ва тиҷоратии ин кишвар, инчунин намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бахши ихтисосии ҳамоишро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, намояндаи Вазорати иқтисод ва савдо дар мавзӯи «Дурнамои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Австрия», намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар мавзӯи «Дурнамои сармоягузорӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузоришҳои соҳавӣ пешниҳод намуданд.
Форуми мазкур барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар самтҳои авлавиятноки иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ин кишварҳо бо Австрия мусоидат кард.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






