Сармураббии дастаи «КМВА» Алиёр Ашурмамадов интихоб шуд

Декабрь 18, 2020 10:22

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Алиёр Ашурмамадови 50-сола ба вазифаи сармураббии дастаи   футболи КМВА-и  шаҳри Душанбе интихоб  гардид. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мавсими 2020 дастаи  КМВА-и шаҳри Душанберо мутахассиси украинӣ Сергей Житский роҳбарӣ мекард, ки дастаро ба зинаи сеюми Лигаи олӣ бурда буд. Худи Алиёр Ашурмамадов дар мавсими гузашта дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро роҳбарӣ мекард.

Ёдовар мешавем, ки Алиёр Ашурмамадов қаблан дар мавсимҳои 2012-2013 ба ҳайси сармураббии дастаи  футболи КМВА-и  шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.

Декабрь 18, 2020 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад