Сарони давлатҳои СААД имрӯз дар иҷлосия баланд намудани самаранокии созмон ва мушкилоти амниятиро баррасӣ мекунанд

Декабрь 2, 2020 12:16

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Чорабинӣ дар шакли видеоконфронс таҳти раёсати президенти Россия Владимир Путин сурат мегирад. Тавре АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Кремл хабар додааст.

«Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, инчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудаанд, — омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти Кремл. — Қарорҳои калидии ҷаласа дар эъломияи ниҳоӣ ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигар сабт хоҳанд шуд».

Қаблан вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров зикр  карда буд, ки барои саммит маҷмӯи санадҳо дар соҳаи таҳкими иқтидори сулҳоварии созмон омода шудаанд. Ба гуфтаи номбурда, сухан дар бораи таъсиси созмони заминавӣ оид ба омодасозии неруҳои посдори сулҳ, дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СААД шомил намудани беморхонаи ҳарбии сайёри низомӣ, инчунин фароҳам сохтани шароити ҳуқуқӣ барои иштироки неруҳои посдори сулҳ дар амалиёт таҳти сарпарастии СММ меравад.

Афзалиятҳои давраи раёсати Тоҷикистон

Россия соли 2020 раёсати СААД-ро ба дӯш дошт ва дар соли 2021 раёсати он ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, афзалияти асосии давраи раёсати ҷумҳурӣ дар созмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ хоҳанд шуд.

Маҳмадализода зикр кард, ки дар доираи рӯзнома ҷониби Тоҷикистон ба татбиқи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ва нақшаҳои пешбинишудаи вобаста ба идораҳои мудофиа, пеш аз ҳама, оид ба таъмини амният дар кишварҳои ширкаткунанда таваҷҷуҳ хоҳад кард.

Тибқи нақшаҳои СААД, соли 2021 дар Тоҷикистон машқҳо сурат мегиранд ва баргузории онҳо бояд бо назардошти вазъи вобаста ба паҳншавии уфунати коронавирус таъмин шавад. «Инчунин самти муҳими ҳамкорӣ дар доираи созмон ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ мебошад», — илова кард мусоҳиб.

Дар бораи созмон

Ёдовар мешавем, ки шаш давлат узви СААД мебошанд: Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон. Соли 2013 дар Ассамблеяи Парлумонии СААД (АП) ба палатаи поёнии парлумони Сербия, палатаи поёнии парлумони Афғонистон ва Маҷлиси парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Россия мақоми нозир дода шуд.

6 ноябри соли 2014 Шӯрои АП СААД қарор қабул кард, ки парлумонҳои Чин, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон барои ҳамкорӣ ба сифати нозир даъват шаванд.

                                                         АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2020 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид