Сарони давлатҳои СААД имрӯз дар иҷлосия баланд намудани самаранокии созмон ва мушкилоти амниятиро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Чорабинӣ дар шакли видеоконфронс таҳти раёсати президенти Россия Владимир Путин сурат мегирад. Тавре АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Кремл хабар додааст.
«Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, инчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудаанд, — омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти Кремл. — Қарорҳои калидии ҷаласа дар эъломияи ниҳоӣ ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигар сабт хоҳанд шуд».
Қаблан вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров зикр карда буд, ки барои саммит маҷмӯи санадҳо дар соҳаи таҳкими иқтидори сулҳоварии созмон омода шудаанд. Ба гуфтаи номбурда, сухан дар бораи таъсиси созмони заминавӣ оид ба омодасозии неруҳои посдори сулҳ, дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СААД шомил намудани беморхонаи ҳарбии сайёри низомӣ, инчунин фароҳам сохтани шароити ҳуқуқӣ барои иштироки неруҳои посдори сулҳ дар амалиёт таҳти сарпарастии СММ меравад.
Афзалиятҳои давраи раёсати Тоҷикистон
Россия соли 2020 раёсати СААД-ро ба дӯш дошт ва дар соли 2021 раёсати он ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, афзалияти асосии давраи раёсати ҷумҳурӣ дар созмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ хоҳанд шуд.
Маҳмадализода зикр кард, ки дар доираи рӯзнома ҷониби Тоҷикистон ба татбиқи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ва нақшаҳои пешбинишудаи вобаста ба идораҳои мудофиа, пеш аз ҳама, оид ба таъмини амният дар кишварҳои ширкаткунанда таваҷҷуҳ хоҳад кард.
Тибқи нақшаҳои СААД, соли 2021 дар Тоҷикистон машқҳо сурат мегиранд ва баргузории онҳо бояд бо назардошти вазъи вобаста ба паҳншавии уфунати коронавирус таъмин шавад. «Инчунин самти муҳими ҳамкорӣ дар доираи созмон ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ мебошад», — илова кард мусоҳиб.
Дар бораи созмон
Ёдовар мешавем, ки шаш давлат узви СААД мебошанд: Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон. Соли 2013 дар Ассамблеяи Парлумонии СААД (АП) ба палатаи поёнии парлумони Сербия, палатаи поёнии парлумони Афғонистон ва Маҷлиси парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Россия мақоми нозир дода шуд.
6 ноябри соли 2014 Шӯрои АП СААД қарор қабул кард, ки парлумонҳои Чин, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон барои ҳамкорӣ ба сифати нозир даъват шаванд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






