Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок намуд

Декабрь 1, 2020 19:53

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар сиғаи маҷозӣ доир гардид, ширкат намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо атрофи мавзӯъҳои муҳими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин фаъолияти СААД табодули афкор карданд.

Дар суханронии худ С. Муҳриддин дидгоҳи Тоҷикистонро нисбат ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкорӣ дар самтҳои авлавиятноки рӯзномаи ҷории Созмон ироа намуд.

Ӯ тазаккур дод, ки пайомадҳои тӯлонии иқтисодиву иҷтимоии ҳамагирии коронавирус ҳамчунин метавонанд ба амният хатарзо бошанд.

Дар суханронӣ таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояти фаромиллӣ дар паҳнои СААД зоҳир гардид. Ба ин муносибат масоили Афғонистон ва вазъ дар сарҳади Тоҷикистон бо он кишвар зикр карда шуд.

Зимни ҷаласа С. Муҳриддин авлавияти раёсати дарпешистодаи Тоҷикистон дар СААД дар самтҳои сиёсӣ ва байналмилалиро мухтасар муаррифӣ намуд.

 АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Декабрь 1, 2020 19:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард