СУТ аз хатари машрубот дар робита ба эмкунӣ ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Машруботи спиртӣ метавонад инсонро дар муқобили коронавирус осебпазир кунад ва системаи эминиро зери хатар бигузорад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 10 декабр намояндаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тарик Язаревич зимни посух ба саволи ТАСС дар бораи зараровар будани нӯшидани машрубот ҳангоми эмгузаронӣ алайҳи бемории COVID-19, ки дар натиҷаи коронавирус ба вуҷуд омадааст, иброз намудаст.
«Истеъмоли машруботи спиртӣ бо доираи васеи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва ихтилоли рӯҳӣ вобастагӣ дорад ва метавонад одамро дар муқобили COVID-19 бештар осебпазир кунад», — гуфтааст Язаревич. «Аз ҷумла, машрубот системаи эминии баданро зери хатар мегузорад ва таҳдиди пайомадҳои манфиро барои саломатӣ зиёд мекунад». «Бинобар ин, одамон бояд истеъмоли машруботи спиртиро дар ҳар ҳолат то ҳадди ниҳои коҳиш бидиҳанд, хусусан ҳангоми пандемияи COVID-19», — иброз доштааст ӯ.
Тавре намояндаи расмӣ таъкид кард, СУТ ба одамон тавсия медиҳад, ки саломатии худро назорат кунанд ва онҳоро ба истеъмоли ғизои солим, тарки тамокукашӣ ва маҳдуд сохтани истеъмоли машрубот даъват мекунанд. Вай хотиррасон кард, ки Созмон муайян намудааст, ки истеъмоли машрубот «метавонад ба фаъолии эминии бадан таъсир расонад» ва инчунин «осебпазирии саломатиро бештар кунад».
Роҳбари Маркази миллии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф.Гамалеи Вазорати тандурустии Россия Александр Гинтсбург, ки ваксинаи «Спутник V» -ро коркард намудааст, рӯзи чоршанбе зимни мусоҳиба бо рӯзноманигорон чунин изҳор намуд: ”ба таври ҷиддӣ тавсия дода мешавад, ки дар давоми се рӯз пас аз эмгузаронӣ бо ҳар як вояи ваксинаи зидди сирояти коронавируси нави аз истеъмоли машруботи спиртӣ даст кашида шавад, аммо, сухан дар бораи комилан даст кашидан аз машруботи спиртӣ намеравад”. Гинтсбург шарҳ дод, ки истеъмоли аз ҳад зиёди машруботи спиртӣ дар давраи эмкунӣ метавонад эминияти баданро ба таври назаррас коҳиш бидиҳад, яъне метавонад самаранокии эмгузарониро коҳиш диҳад ё ҳатто онро бефоида кунад.
Қаблан роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова зикр карда буд, ки нӯшидани машруботи спиртӣ бояд на камтар аз ду ҳафта пеш аз эмгузаронӣ қатъ карда шавад. Илова бар ин, беҳтар аст ки аз истеъмоли машруботи спиртӣ дар тамоми давраи эмгузаронӣ — аз гирифтани вояи якуми дору то дуюми он ва чанде пас аз он, даст кашида шавад, гуфт номбурда.
ДАР АКС: Қароргоҳи СУТ © EPA-EFE/SALVATORE DI NOLFI








Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст






