СУТ: Дар 3-6 моҳи наздик ҷаҳон ба норасоии ваксинаҳои зидди COVID-19 мувоҷеҳ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар 3-6 моҳи наздик ваксинаҳои зидди коронавирус дар ҷаҳон кофӣ нахоҳанд буд. Дар ин бора дирӯз зимни саволу ҷавоб бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) тавассути Твиттер Директори барномаи ҳолатҳои фавқулодаи он Майкл Райан (ДАР АКС) изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Коршинос дар бораи хуруҷи эҳтимолии мавҷи нави коронавирус қабл аз пайдо шудани ваксина ҳушдор дод. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, бояд чораҳои пешгирии санитарӣ риоя шаванд.
Пештар намояндаи расмии СУТ Тарик Язаревич хабар дода буд, ки тавре интизор меравад, ваксинаҳои зидди коронавирус ба кишварҳо дар семоҳаи дуюм ё сеюми соли 2021 ворид хоҳанд шуд. Аммо, миқдори маҳдуди ваксинаҳо шояд моҳҳои аввали соли оянда низ дастрас шавад.
Ба қавли намояндаи расмӣ, дар ин ҳолат, ба гурӯҳҳои осебпазир, аз қабили кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон бояд афзалият дода шавад.
АКС аз бойгонӣ








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






