СУТ: Дар 3-6 моҳи наздик ҷаҳон ба норасоии ваксинаҳои зидди COVID-19 мувоҷеҳ хоҳад шуд

Декабрь 3, 2020 10:16

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар 3-6 моҳи наздик ваксинаҳои зидди коронавирус дар ҷаҳон кофӣ нахоҳанд буд. Дар ин бора дирӯз зимни саволу ҷавоб бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) тавассути Твиттер Директори барномаи ҳолатҳои фавқулодаи он Майкл Райан (ДАР АКС) изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

Коршинос дар бораи хуруҷи эҳтимолии мавҷи нави коронавирус қабл аз пайдо шудани ваксина ҳушдор дод. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, бояд чораҳои пешгирии санитарӣ риоя шаванд.

Пештар намояндаи расмии СУТ Тарик Язаревич хабар дода буд, ки тавре интизор меравад, ваксинаҳои зидди коронавирус ба кишварҳо дар семоҳаи дуюм ё сеюми соли 2021 ворид хоҳанд шуд. Аммо, миқдори маҳдуди ваксинаҳо шояд  моҳҳои аввали соли оянда низ дастрас шавад.

Ба қавли намояндаи расмӣ, дар ин ҳолат, ба гурӯҳҳои осебпазир, аз қабили кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон бояд афзалият дода шавад.

 

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 3, 2020 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн