СУТ тавсия медиҳад, ки дар дохили хона ва берун аз он дар ҳолати имкон надоштани риояи фосила ниқоб пӯшида шавад
ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) чунин мешуморад, ки ҳангоми пандемия дар дохили бино ва берун аз он, бо шумули мағозаҳо, мактабҳо ва ҷойҳои кори дастаҷамъӣ, агар риояи фосила на камтар аз як метр ғайри имкон бошад, пӯшидани ниқоб зарур аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори ОГОН иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар дастурҳои раҳбарикунандаи СУТ, ки 2 декабр дар Женева интишор ёфтаанд, гуфта шудааст.
Таъкид шудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки эҳтимоли пайдоиши манбаҳои паҳншавии коронавирус мавҷуд аст, СУТ маслиҳат медиҳад, ки “чӣ дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо ва чӣ дар беруни биноҳо, ки фосилагирии ҷисмонӣ ба андозаи ҳадди ақалл як метр ғайриимкон аст, ниқобҳои ғайри тиббӣ» пӯшида шаванд. Ғайр аз ин, созмон тавсия медиҳад, ки сарфи назар аз имконоти нигоҳ доштани фосилаи зарурӣ, ҳамеша дар дохили биноҳое, ки ба таври бояду шояд ҳаво дода намешаванд, бояд ниқоб пӯшида шавад.
Ин тавсия ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони 12-сола ва калонтар дахл дорад. Барои кӯдакони то панҷсола пӯшидани ниқоб тавсия дода нашудааст ва барои кӯдакони синни аз 6 то 11-сола тасмим дар бораи пӯшидани ниқоб ё напӯшидани он бо дарназардошти вазъи мушаххаси вобаста ба интиқоли коронавирус дар минтақаи муайян, инчунин қобилияти кӯдак барои истифодаи дурусти ниқоб ва имкони назорати онҳо аз тарафи калонсолон гирифта мешавад, шарҳ доданд дар СУТ.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






