Таркиш дар масири ҳаракати корвони як узви парлумон дар Кобул
ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳидон мегӯянд, ки ин таркиш дар масири ҳаракати мошини Хон Муҳаммад Вардак, узви Маҷлиси намояндагон, дар ноҳияи панҷуми шаҳри Кобул рух дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон расман изҳор намуд, ки дар ин ҳодиса ҳадди ақалл ҳашт нафар кушта, 15 тани дигар захмӣ ва се мошин оташ гирифтаанд. «Террористон имрӯз дар маҳаллаи 5-уми Кобул ҳамлаи террористӣ анҷом доданд», — омадааст дар изҳорот. Дар ҷумлаи маҷрӯҳон кӯдакон, занон ва пиронсолон низ ҳастанд ва ба хонаҳои атрофи ҳодиса зарари ҷиддӣ расида, Хон Муҳаммад Вардак, вакили парлумон маҷрӯҳ шудаст.
Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе ба зимма нагирифтааст.
Дар изҳорот илова шудааст: «Дар се моҳи охир душманони мардуми Афғонистон 37 ҳамлаи интиҳорӣ (маргталабона) ва 510 таркиш анҷом доданд, ки мутаассифона наздики 500 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 1050 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. «Ин шеваи ҳамлаҳои террористӣ дар тамоми қонунҳои муҳориба ҷинояти ҳарбӣ ҳисобида мешавад».








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






