Таркиш дар як мошини неруҳои амниятӣ дар Кобул

Декабрь 28, 2020 10:44

ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Кобул имрӯз (душанбеи 28 декабр) хабар додааст, ки дар як мошини «Ранҷровер»-и неруҳои амниятӣ дар ноҳияи чаҳоруми Кобул тақрибан соати 07:50 таркиш рух додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба шабакаи телевизионии Афғонистон TOLOnews.

Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фаромарз қайд кард, ки дар натиҷаи таркиш касе осеб надидааст.

Аммо шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки аз ду то се нафар маҷрӯҳ шуданд.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.

Тибқи гузориши TOLOnews, танҳо дар даҳ рӯзи охир дар рӯйдодҳои зидди амниятӣ дар пойтахт 23 нафар кушта ва 72 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Омор нишон медиҳанд, ки дар ин муддат 15 ҳодисаи зидди амниятӣ, аз ҷумла ҳамлаи интиҳорӣ, таркиши мошини бомбгузоришуда, таркиши минаи магнитӣ ва кушторҳои ҳадафнок рух додаанд.

Декабрь 28, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид